Озмуни тендерӣ оид ба таъмини маводу таҷҳизотҳо

0
66

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (минбаъд ҶҲАТ), ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерии таъмини маводу таҷҳизотҳо аз тарики иштироки номаҳдуд, ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хоҳишмандро аз рӯи якчанд лот, ки аз тарафи шарикони рушд, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурхи Олмон дастгири меёбанд, тибқи таснифотҳои зерин даъват менамояд:

Аз рӯи лоиҳаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳрони гуманитарӣ ва тандурустӣ» (ECHO PPP):

Лоти 1: Таъмири 21 биноҳои ҷамъияти дар сатҳи маҳал барои истифодабарии КМҲФ;
Лоти 2: Таъмини маҷмуаҳои саломатӣ, аз ҷумла ашёҳои маводҳои муҳофизатии инфиродӣ барои 69 филиали ҶҲАТ.

Аз рӯи лоиҳаи «DREF Operation»:

Лоти 3: Таҳия ва чопи маводҳои иттилоотӣ;
Лоти 4: Таъмини маводҳои мактабӣ;
Лоти 5: Таъмини маводҳои ғайриозуқаворӣ.

Барои иштирок дар озмуни тендерии навбатӣ таклифи расмӣ дар хусуси иштирок дар озмунҳои тендерии баргузоршаванда, нусхаи ҳуҷҷатҳо аз қабилӣ; сертификат оид ба бақайдигирии расмӣ дар мақомоти давлатӣ, маълумотнома аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё зерсохторҳои он дар хусуси ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ баромад намудан, инчунин мавҷуд набудан дар рӯйхати ба сифати қарздор ё бемасъул дар назди дигарон (дорои иҷозатномаи дахлдор будани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ) лозим аст.
Талаботҳои дар боло овардашуда, шартҳои асосии озмуни тендерии баргузоршаванда ба ҳисоб меравад.
Барои гирифтани маълумот ва таснифотҳои асосӣ ва иловагӣ хоҳишмандон метавонанд дар ҳудудӣ соатҳои корӣ бо рақамҳои телефони 224-42-85 занг зананд ё тариқи расмӣ бо суроғаи; шаҳри Душанбе кӯчаи У. Хайём, 120 бо унвонии «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», Шуъбаи таъминоти моддию техникӣ муроҷиат намоянд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пурра ва қисмани таклифҳое, ки нархҳои пешниҳодшуда нисбатан паст нишондода мешаванд, қобили қабул намешуморад.

Муҳлати ахири пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: то 18 ноябри соли 2022, соати 09.00 бо вақти Душанбе муайян карда мешавад.

Қаблан барои иштирокатон, Ташаккур мегӯем.