Озмун барои ишголи вазифаи Хамохангсози минтакавии барномаи «Иттилоот, хукуки байналмилалии башардусти ва баркарорсозии робитахои оилави» дар ш. Бохтар

0
1887

Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) барои ишголи вазифаи Хамохангсози минтакавии барномаи «Иттилоот, хукуки байналмилалии башардусти ва баркарорсозии робитахои оилави» дар минтакаи Бохтари (собик вилояти Кургонтеппа) вилояти Хатлон озмун эълон менамояд.

УХДАДОРИҲОИ АСОСИ
– Паҳнкунии ақидаҳо оид ба Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) дар ҳудуди 15 шахру нохияхои минтакаи Бохтар (собик вилояти Кургонтеппа);
– Уҳдадории шахсӣ барои ҳамоҳангсозии барномаи «Иттилоот, хукуки байналмилалии дар 15 шахру нохияхои минтаки Бохтари вилояти Хатлон;
– Танзимгари барнома ўҳдадор мегардад, ки баҳри рушд ва таҳкими филиалхои фарогири барнома ба ҳамаи 15 шахру нохияхои минтаки Бохтари вилояти Хатлон хангоми зарурат ташриф намояд:
Хамохангмози барномаи «Иттилоот, хукуки байналмилалии башардусти ва баркарорсозии робитахои оилави» бояд дар бораи Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон, Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС) ва Федератсияи байналмиллалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССваҲА) маълумоти умуми дошта бошад.
Ҳамкориро бо ташкилотҳои ҳукуматӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии миллӣ ва байналмиллалӣ доир ба иҷроиши барнома хуб ба рох монад;
Хамкории зичро бо дигар самтҳои фаъолияти ЧХАТ бо мақсади истифодабарии пурсамари чорабиниҳо баҳри паҳн намудани маълумотҳо оид ба ҳуқуқи байналмилалии башарӣ, ЧХАТ ва ҳамкоронаш дар байни кормандон, ихтиёриён ва аҳолии ҷумҳурӣ ба рох монад;
Хамкории зич бо ВАО (телевизон, радио, маҷалаҳо ва ғ.), муассисаҳои таълимӣ, ҳамкорони иҷтимоӣ ва ҷомеа оид ба паҳнкунии маълумотҳо доир ба Ҳаракати байналмиллалии СС ва ҲА ва фаъолияти ҶҲАТ хуб ба рох монад.
Дар чунин самтҳо корро ба анҷом диҳад:
• Чустучуи афроди гумшуда;
• Кор бо дархостхои чустучуи;
• Бурда расонидани пайгомхои салиби сурх;
• Тарзи дуруст пур намудани дархостхои чустучуиба ихтиёриёни ЧХАТ;
• Гузаронидани як катор чорабинихо минтакаи Бохтар;
• мусоидат ва гузоштани ҳиссаи худ оид ба таҳкими заминаҳои ҶҲАТ дар самти Иттилоот/Ҳуқуқи байналмиллалии башарӣ, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ;
• ба таври мунтазам ирсол намудани маълумотҳои зарурӣ барои сомона ва дигар шабакаҳои иҷтимоии ҶҲАТ;
• омода намудан ва пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои моҳона, семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солонаи барнома ба ҳамоҳангсозони барнома дар Кумитаи марказии ҶҲАТ.
ЧУНИН МАЪЛУМОТҲОРО ДОНАД:
1. Маълумоти умуми оид ба Ҳуқуқи байналмиллалии башарӣ ва усулҳои бунёдии Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ҲБССваҲА);
4. Қонуни ҶТ «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», “Дар бораи истифода ва ҳимояи нишон ва номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ҶТ”, «Дар бораи фаъолияти башардўстона» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба фаъолияти ҶҲАТ.

ТАЛАБОТҲОИ ТАХАСУССӢ:
1. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ, забоншиносӣ ва дигар маълумоти марбут ба вазифа
2. Дониши хуби иттилоотӣ ва таҷҳизотҳои муосир
3. Таҷриба касбӣ на камтар аз 3 сол
4. Донистани забонхои точики ва руси хатмист. Донистани забони англиси афзалият дорад
5. таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои ҳукуматӣ, ғайриҳукуматӣ ва ё соҳаи гуманитарӣ – иҷтимоӣ
6. тачрибаи корӣ дар тамоми қаламравӣ бо сафарҳои хидматӣ
7. Иртиботи хуб бо ВАО

Ҷойи кор: шахри Бохтар, Чумхурии Тоҷикистон.
Лутфан CV/Резюме/ худро ба суроғаи зерин фиристед:
bokhtar1@mail.ru ва нусха ба amnodir@gmail.com, bmiralibekov@icrc.org
Мӯҳлати ниҳоии дархостҳо 8 сентябри соли 2022 аст.
Номзадхо танхо аз шахри Бохтар ва ё нохияхои наздик ба он кабул карда мешаванд.
Танҳо номзадҳои мувофик ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. ЧХАТ оид ба сабабҳои интихоб нашудани номзадҳо маълумот намедихад.