Озмун барои ишголи вазифаи Хамохангмози минтакавии барномаи «Иттилоот, хукуки байналмилалии башардусти ва баркарорсозии робитахои оилави» дар Бохтар

0
1726

Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) барои ишголи вазифаи Хамохангмози минтакавии барномаи «Иттилоот, хукуки байналмилалии башардусти ва баркарорсозии робитахои оилави» дар минтакаи Бохтари вилояти Хатлон озмун эълон менамояд.

УХДАДОРИХОИ АСОСИ
– Пахнкунии акидахо оид ба Харакати байналмиллалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар ва фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) дар худуди 15 шахру нохияхои минтакаи Бохтар (собик вилояти Кургонтеппа);
– Ухдадории шахси барои хамохангсозии барномаи «Иттилоот, хукуки байналмилалии башардусти ва баркарорсозии робитахои оилави” дар 15 шахру нохияхои минтаки Бохтари вилояти Хатлон;
– Танзимгари барнома ўхдадор мегардад, ки бахри рушд ва тахкими филиалхои фарогири барнома ба хамаи 15 шахру нохияхои минтаки Бохтари вилояти Хатлон хангоми зарурат ташриф намояд:
Хамохангмози барномаи «Иттилоот, хукуки байналмилалии башардусти ва баркарорсозии робитахои оилави» бояд дар бораи Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон, Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС) ва Федератсияи байналмиллалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар (ФБЧССваХА) маълумоти умуми дошта бошад.
Хамкориро бо ташкилотхои хукумати, ташкилотхои гайридавлатии милли ва байналмиллали доир ба ичроиши барнома хуб ба рох монад;
Хамкории зичро бо дигар самтхои фаъолияти ЧХАТ бо максади истифодабарии пурсамари чорабинихо бахри пахн намудани маълумотњо оид ба хукуки байналмилалии башари, ЧХАТ ва хамкоронаш дар байни кормандон, ихтиёриён ва ахолии чумхури ба рох монад;
Хамкории зич бо ВАО (телевизон, радио, мачалахо ва г.), муассисахои таълими, хамкорони ичтимои ва чомеа оид ба пахнкунии маълумотхо доир ба Харакати байналмиллалии СС ва ХА ва фаъолияти ЧХАТ хуб ба рох монад.
Дар чунин самтхо корро ба анчом дихад:
• Чустучуи афроди гумшуда;
• Кор бо дархостхои чустучуи;
• Бурда расонидани пайгомхои салиби сурх;
• Тарзи дуруст пур намудани дархостхои чустучуиба ихтиёриёни ЧХАТ;
• Гузаронидани як катор чорабинихо минтакаи Бохтар;
• мусоидат ва гузоштани хиссаи худ оид ба тахкими заминахои ЧХАТ дар самти Иттилоот/Хукуки байналмиллалии башари, баркарорсозии робитахои оилави;
• ба таври мунтазам ирсол намудани маълумотхои зарури барои сомона ва дигар шабакахои ичтимоии ЧХАТ;
• омода намудан ва пешниходи саривактии хисоботхои мохона, семоха, шашмоха, нухмоха ва солонаи барнома ба хамохангсозони барнома дар Кумитаи марказии ЧХАТ.
ЧУНИН МАЪЛУМОТХОРО ДОНАД:
1. Маълумоти умуми оид ба Хукуки байналмиллалии башари ва усулхои бунёдии Харакати байналмиллалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар;
4. Конуни ЧТ «Дар бораи Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон», «Дар бораи иттиходияхои чамъияти», “Дар бораи истифода ва химояи нишон ва номхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар дар ЧТ”, «Дар бораи фаъолияти башардустона» ва дигар санадхои меъёриву хукукии марбут ба фаъолияти ЧХАТ.

ТАЛАБОТХОИ ТАХАСУССИ:

1. Маълумоти олии хукукшиноси, забоншиноси ва дигар маълумоти марбут ба вазифа
2. Дониши хуби иттилооти ва тачхизотхои муосир
3. Таҷриба касби на камтар аз 3 сол
4. Донистани забонхои точики ва руси хатмист. Донистани забони англиси афзалият дорад
5. тачрибаи кори дар ташкилотхои хукумати ва гайрихукумати;
6 Иртиботи хуб бо ВАО.
Ҷойи кор: ш.Бохтар, Тоҷикистон.
Лутфан CV/Резюме/ худро ба суроғаи зерин фиристед:
islom.63@mail.ru ва нусха ба amnodir@gmail.com, bmiralibekov@icrc.org
Мӯҳлати ниҳоии дархостҳо 27 апрели соли 2022 аст.
Танҳо номзадҳои мувофик ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. ЧХАТ оид ба сабабхои интихоб нашудани номзадхо маълумот намедихад.