Озмун барои ишғоли вазифаи Корманди пешбари лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронии COVID-19» бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ш.Душанбе

0
793

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои ишғоли вазифаи Корманди пешбари лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронии COVID-19» бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ш. Душанбе озмун эълон менамояд.

Ҳадафи лоиҳа:

Ҳадафи умумии лоиҳа, ин саҳмгузорӣ дар Барномаи миллии эмкунӣ барои COVID-19, инчунин коҳиш додани ҳодисаҳо, фавт ва оқибатҳои иҷтимоии хуруҷи COVID-19 тавассути сафарбаркунии иҷтимоӣ аҳоли барои эмгузпронӣ кардани аксари гурӯҳҳои зери хатар қарордоштаи ахолӣ тавассути шабакаи волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.

Уҳдадориҳо:

Ҳамкориро бо волонтерони ҶҲАТ, ташкилотҳои ҳукуматӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии миллӣ ва байналмиллалӣ доир ба иҷроиши барнома хуб ба роҳ монад;

Ҳамкории зичро бо дигар самтҳои фаъолияти ҶҲАТ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият дар байни кормандон, ихтиёриён ва аҳолии ҷумҳурӣ ба роҳ монад;

– ба таври мунтазам маълумотҳои заруриро барои менеҷери лоиҳа ирсол намояд;

  • омода намудан ва пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои моҳона, семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солонаи лоиҳа.

ЧУНИН МАЪЛУМОТҲОРО ДОНАД:

  1. Маълумоти умумӣ оид ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон;
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи фаъолияти башардўстона» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба фаъолияти ҶҲАТ.

ТАЛАБОТҲОИ ТАХАСУССӢ

  1. Маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ ва дигар маълумоти марбут ба вазифа
  2. Дониши хуби иттилоотӣ ва таҷҳизотҳои муосир
  3. Таҷрибаи касбӣ на камтар аз 3 сол
  4. Донистани забонхои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист. Донистани забони англисӣ афзалият дорад
  5. Таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои ҳукуматӣ, ғайриҳукуматӣ ва ё соҳаи гуманитарӣ – иҷтимоӣ

Шартҳои дигар:

– Вақти пурраи корӣ;

– Имконият барои болоравии мансаб ва кор дар лоиҳаҳои мо;

Довталабон метавонанд резюмеи худро ба суроғаи электронии alisher.sdv@gmail.com пешниҳод намоянд:

Мӯҳлати ниҳоии дархост 10 сентябри соли 2022 соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ.

Танҳо номзадҳои мувофиқ барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

ҶҲАТ оид ба сабабҳои интихоб нашудани номзадҳо маълумот намедиҳад.