ОМОДАГӢ ВА ВОКУНИШ БА ҲОЛАТҲОИ ИЗТИРОРӢ

0
1837

Омодагию вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҶҲАТ мутобиқи Стратегияи ҶҲАТ барои солҳои 2008-2012 мебошад. Фаъолияти ҶҲАТ дар самти тайёрӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ асосан аз рўи талаботи «Нақшаи миллии вокуниш ба ҲИ», Меморандуми ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи гарждании ҶТ бо ҶҲАТ амалӣ гардида буд. Дар асоси маълумотҳои аз бахшҳои ҶҲАТ ворид гардида, дар давраи ҳисоботӣ рухдиҳии 96 офати табиӣ ба қайд гирифта шудаасту, 18187 нафар зарар дидаанд, 304 хона пурра, 1865 хона қисман вайрон шуда ба 9035 нафар кўмаки фаврӣ расонида шудааст.

Дар натиҷаи заминларзаи н. Ванҷи ВМКБ 24 деҳа зарар дидааст. Дар ҷойҳои фалокат ихтиёриён, аъзоён, кормандон ва танзимгарони барномаи омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи бахшҳои ҶҲАТ фаъолона иштирок намуданд. Қобили қайд аст, ки дар минтақаҳои зарардида гурўҳҳои вокунишии ҶҲАТ фаъолияти хуб нишон доданду, кўмаки фаврӣ аз қабили матрас, курпа, болишт, рўйҷои хоб, бастаи гигиенӣ, асбобу анҷоми ошхона, сумкаи ёрии аввал, зарфи пластикии обгирӣ, сатили обгирӣ, рўйпўши пластикӣ ва хайма расонида шудааст.

Дар давоми моҳи май тақрибан дар тамоми ҷумҳурӣ ҳодисаҳои офати табиӣ монанди омадани сел ба қайд гирифта шуданд. Борони сели 6 ва 7 майи соли 2010 аз ҳама зиёд дар шаҳри Кўлоб зарари моддӣ ва маънавӣ ворид кард. Дар натиҷа беш аз 400 хона зарар дид. Дар натиҷаи боришоти баҳорӣ 17 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон зарари бисёртар дидаанд. Танҳо зарари расонида ба вилояти Хатлон 149 миллион сомониро ташкил медиҳад. Барои зарардидагони минтақаи Кўлоб аз ҷониби Бонки исломии рушд барои 1500 оила маводи хўрока ва барои беморхонҳо доруворӣ ба маблағи 200 000 $ (доллари ИМА) тақсим карда шуд. Офати табиӣ 25 августи соли ҷорӣ ба хоҷагиҳои н. Айнӣ зарар расонид, натиҷаи зарар дар ҷамъомади аъзоёни РЕАКТ–и водии Зарафшон баррасӣ гардиду, ба оилаҳои зарардида кўмаки фаврӣ расонида шуд ва ба он оилаҳое, ки ба н. Зафаробод кўчонида шуданд, 22 хаймаи оилавӣ ва маводи ғайрихўрока ба маблағи 57000 сомони ҷудо карда шуд.

Бо кўмаки Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арафаи иди саиди Фитр барои 68 нафар мўҳтоҷони ш. Душанбе маводи хўрока (50 кг орд, 5 л равған, 5 кг шакар, 5 кг макарон, 5 кг биринҷ) кўмаки яквақта расонида шуд. Аз ҷониби Салиби Сурхи Шветсия 4 вагон либос ва пойафзоли истифодашуда ба ш. Душанбе, вилояти Суғд, вилояти Хатлон (минтақаҳои Кўлоб ва Қурғонтеппа) ворид шуданду, тақсимот шуданд. Дар миқёси ҷумҳурӣ 8 лоиҳаи митигатсионӣ (ВМКБ, ш.Ваҳдат, нн.Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Фархор, Тавилдара…,) амалӣ шуданд. Дар моҳи июл дар шаҳри Қурғонтеппа семинар оиди тайёр кардани нақшаи эҳтиётӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ ва моҳи август дар минтақаи Кўлоб семинари омўзишӣ барои кормандони барномаи омодагию вокуниш ба офатҳои табиӣ ва роҳбарони Марказҳои омодагию вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ гузаронида шуданд. Дар  давраи ҳисоботӣ машқҳои амалӣ дар  водии Рашт ва  ВМКБ бо иштироки ҳамкорон гузаронда шудаанд.

БАРНОМАИ ТАЪМИНИ УСТУВОРИИ ҶОМЕАҲО БА ҲОЛАТҲОИ ИЗТИРОРӢ ТАВАССУТИ КОҲИШИ САТҲИ ХАТАРИ ОФАТ

Мантиқан давоми лоиҳаи ДИПЕКО 5 мебошад. Барнома дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Исфара, Ашт, Ҷ.Расулов, Шаҳристон, Ғончӣ, Панҷакент, Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд амалӣ мешавад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи ташкилоти ЕСНО (Комиссияи Аврупо) маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ҳамкории Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурхи Амрико, Олмон, Ҳолланд ва Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар амалӣ мегардад. Барнома 46 ҷамоат ва 118 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилояти Суғдро фаро мегирад. Корманди барнома дар 9 бахши ҶҲАТ бо иштироки намояндаи Салиби Сурхи Холланд интихоб шуданд, аз ҷамоатҳо ва мактабҳои аз ҷониби барнома фаро гирифташуда дидан карданд.

Моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Алмато вохўрии панҷ Ҷамъияти миллии Осиёи Маркази оид ба барномаи ДИПЕКО гузаронида шуд. Дар шаҳри Қайроққум семинари омўзишӣ бо кормандон ва тренерони барнома баргузор гардид. Дар он 29 нафар иштирок кард. Мақсади вохўрӣ тайёр намудани нақшаи омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ дар 6 ҷамоати таҷрибавӣ ба ҳисоб мерафт. Дар шаҳри Қурғонтеппа вохўрӣ бо кормандони ҳолатҳои изтирорӣ аз 11 маркази вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ баргузор гардид. Дар он бар иловаи кормандони барнома, боз кормандони дигар ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар ҳолати изтирорӣ фаъолият мебаранд, иштирок намуданд. Моҳҳои сентябр ва декабри соли ҷорӣ аз тарафи намояндагони ташкилоти Комиссияи Аврупо (ЕСНО) мониторинги барнома дар Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаронида шуд. Аз ҷониби намояндагони ЕСНО баъди мониторинг камбудиҳои барнома ва пешниҳодҳо оиди беҳтаргардонии он пешниҳод гардид.

БАРНОМАИ КОҲИШИ ХАВФ ДАР ВОДИИ ЗАРАФШОН БО ДАСТГИРИИ САЛИБИ СУРХИ ОЛМОН

Барномаи мазкур се ноҳияи водии Зарафшон, Айнӣ, Панҷакент ва Кўҳистони Масчоҳро дар бар мегирад. Фаъолияти омўзишии барнома дар 16 деҳот ва 25 мактаби таҳсилоти ҳамагонии водӣ созмон дода шуд. Барнома дар ҳамкорӣ бо Агроаксияи Олмон, сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва ҶҲАТ амалӣ мешавад. Гурўҳҳои вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ аз 3 ноҳия дар машқҳои ташкилшуда иштирок карданд. 16 Кумитаи маҳаллии вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ бо либосҳои гарми зимистона таъмин гардидаанд. Семинарҳои омўзишии якҷоя бо ҳамкорон ташкил ва гузаронида шуданд. Анборҳои марказии ҶҲАТ –и ш. Панҷакент ва н. Айнӣ бо маводи ғайрихўрока барои 150 оила мутобиқи Нақшаи миллии ҶҲАТ барои омодагию вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ таъмин шуданд. Барои Кумитаҳои маҳаллӣ маводи зарурӣ дастрас гардидааст. Маводи иттилоотии зарурӣ бо мувофиқаи ҳамкорон чоп ва дастрасӣ бахшҳои маҳалии водии Зарафшон шудаанд. Дар 25 мактаб барои 1500 нафар мактаббачагоне, ки расонидани ёрии аввал ва омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣро меомўзанд, маводи зарурии навишт (ручка, дафтар) тақсим шудааст. Озмуни расмҳои беҳтарин байни мактабҳо гузаронида шуд. Бахшҳои ҶҲАТ дар ш.Панҷакент, нн.Айнӣ ва Кўҳистони Масчоҳ тавассути барномаи мазкур соҳиби дафтарҳои корӣ ва анборҳо шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои аъзоёни Гурўҳи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ семинари такмилӣ гузаронида шуд. Аз моҳи феврал дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии таҷрибавӣ дарсҳои расонидани ёрии аввал барои толибилмони синфҳои 8-9 гузаронида шуданд. Вохўрӣ бо лидерони КМ оид ба ҳолатҳои изтирорӣ дар бораи тайёркунии лоиҳаи нақшаи вокуниш ва ба ҷойи дигар кўчонидан дар намунаи деҳаҳои Пангна ва Шинги н.Панҷакент гузаронида шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 4 вохўрӣ бо сардорони гурўҳҳои вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ оиди тайер намудани нақшаи омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ дар сатҳи маҳал гузаронида шуд. Байни 10 КМ ш. Панҷакент ва н. Айнӣ машқҳои амалӣ гузаронида шуданд. Аз 16 кумитаи маҳаллӣ оид ба ҳолатҳои изтирорӣ 6 ташкилоти ибтидоии ҶҲАТ ташкил карда шуд. Фаъолияти барнома дар соли 2010 анҷом пазируфт.

БАРНОМАИ ОГОҲКУНИИ АҲОЛӢ АЗ ХАТАРИ МИНАҲО

Барномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оиди хавфи минаҳо, яъне  «Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо» (ОАХМ) барномаи омўзишӣ буда, баҳри коҳиш додани шумораи зарардидагон аз таркиши минаҳо, муҳиммоти нотаркида ва боқимондаҳои баъдиҷангӣ равона шудааст. Барнома аз тариқи гузаронидани тренингҳо, омўзишҳо, фаҳмонида додани қоидаҳои бехатарии рафтор дар минтақаҳои минадор, паҳн намудани варақаҳои маълумотӣ, гузаронидани озмун миёни хонандагон ва ғайра истифода бурда, дар баланд бардоштани огоҳии мардум роҷеъ ба хатари минаҳо саҳмгузори асосӣ мебошад.  Барнома дар ҳамкории зич бо Маркази тоҷикистонӣ оид ба масъалаҳои мина (МТММ) фаъолият мекунад. Барномаи «Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо» дар ҳафт навоҳии (Шаҳритус, Панҷ, Ҷилликӯл, Қумсангир, Ҳамадонӣ, Шўробод ва Фархор) вилояти Хатлон фаъолият дорад. Барои амалӣ намудани мақсадҳои барнома 15 ихтиёрӣ дар навоҳии Шаҳритус, Панҷ, Ҷилликӯл, Қумсангир, Ҳамадонӣ, Фархор ва Шўробод бо ҳамкории бахшҳои ноҳиявии ҶҲАТ ҷалб шуданд. Мувофиқи маълумоти МТММ дар Тоҷикистон  аз солҳои 90 – ум то охири соли 2010 ум 827 нафар  ҷабрдидагони мина ва муҳиммоти тарканда ба қайд гирифта шудаанд, аз онҳо 466 маҷрӯҳ ва 361 нафар ҳалок шудаанд. Мутаассифона, рўйдодҳои охири водии Рашт шумораи курбоншудагонро афзуд ва аз рўи ҷадвал шумораи ҷабрдидагонро метавон чунин тасвир кард.

Тақрибан, дар соли 2010-ум бештар аз 28 000 нафар аҳолӣ ба барномаи ОАХМ фаро гирифта шуд.  Дар рафти сол 360 адад баннерҳо, 1200 адад буклетҳо ва зиёда аз 300 адад тақвимҳои кисагӣ байни аҳолӣ тақсим карда шуд. Барои соли 2011 аллакай 1500 постерхо,  600 тақвимҳои деворӣ аз тарафи барномаи ОАХМ-и МТММ маводи бисёр дар сар то сари ҷамоатҳои таҳти хатар буда тақсим карда шуданд. Дар доираи фаъолиятҳои амалиёти зидди минахо як қатор семинарҳои омўзишӣ, вохуриҳо ва чорабиниҳо дар соли 2010 –ум гузаронида шуданд, яке аз муҳимтарини онҳо ҷашни рўзи байналмилалии амалиёти зидди минаҳо мебошад. Ин ид дар Кохи Сомони Ҳукумати ҶТ доир гардид.

БАРНОМАИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ БАШАРДЎСТОНА ВА ТИББӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ МУХОЛИФАТҲО ВА ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Бо мақсади беҳтаркунии фаъолият вохўриҳою семинарҳои омўзишӣ гузаронида шудаанд. Дар доираи барномаи «Ёрии тиббӣ ва башардўстӣ ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона» семинари омўзишӣ доир ба «Ёрии тиббӣ ва башардўстӣ ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона» баргузор гардид. Дар семинари мазкур котибони иҷроияи бахшҳои минтақавӣ ва сардорони шўъбаҳои ДИ КМ ҶҲАТ иштирок доштанд. Дар чорабинии мазкур ба иштирокчиён маълумот доир ба фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва қоидаҳои рафтори кормандони ҶҲАТ ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ва офатҳои табиӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мизи мудаввар бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма ташкил шуд. Дар мизи мудаввар ғолибони озмуни рўзноманигороне, ки дар мавзўи «Мушкилотҳои фаъолияти башардўстона дар замони муосир» мақолаҳои хурд чоп намуданд, бо тўҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар самти сиёсати ҳамоҳангсозии барнома бо дигар барномаҳо семинари омўзишӣ барои котибони иҷроияи минтақаи Кўлоб баргузор гардид. Чорабинии мазкур асосан барои баланд бардоштани сатҳи дониши котибони иҷроия дар самти идоракунии бахшҳо, равона шуда буд.

БАРНОМАИ БАРҚАРОРКУНИИ МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӢ

Барнома яке аз шохаҳои  асосии   фаъолияти ҶҲАТ  ба ҳисоб  меравад ва ҳамеша  кўшиш  бар  он  медиҳад, ки дар барқарор  намудани  муносибатҳои оилаҳое, ки  аз  наздикони  худ  бедараканд,  ёрии худро  расонад. Дар давраи ҳисоботӣ 217 пайғоми Салиби Сурх ба маҳбасҳо ва пайвандони маҳбусҳо расонида шуд. 108 дархост аз тарафи шаҳрвандон қабул карда шуду ба дигар ҷумхуриҳо равон карда шуд, 43 ҷавоби дархост қабул намудем, ки аз он суроғаи 11 нафарашонро пайдо намудем.  98 дархост аз хориҷи мамлакат оид ба пайдо намудани наздиконашон қабул карда шуд, ки ба 38 – тои он ҷавоб гардонида шуду,  аз ҳамин 38 ҷавоб суроғаи 7 – нафари онҳоро пайдо намуда, бо дархости худи ҷустуҷушаванда онҳоро ба дигар мамлакатҳо равон намудем. Ду гувоҳнома оид ба дафтарчаи меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Туркманистон ва ш.Санкт-Петербург равон карда шуд. Оид ба рушди барномаи «Барқарорсозии робити оилавӣ» семинару машваратҳо гузаронида шудааст. Масъулини барнома тасмим гирифтаанд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷўҳи зиёдтаре зоҳир намоянд.

БАРНОМАИ ИШТИРОКИ ҶОМЕА ДАР ИДОРАКУНӢ ҲАНГОМИ ОБХЕЗӢ

Ин барнома бо ҳамкории созмони фаронсавии ACTED, «САREC», созмонҳои «Ғамхорӣ», «CAMP Kўҳистон» амалӣ мешавад. Мақсади барнома тайёр намудани аҳолии 130 деҳоти чор ноҳия ба обхезӣ тавассути гузаронидани семинарҳои омўзишӣ ва амаликунии лоиҳаҳои митигатсионӣ (шинонидани дарахтон) мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ семинарии ТоТ – и 4-рўза барои 25 корманди ноҳияҳои таҷрибавӣ бо мақсади дар сатҳи деҳот гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Барномаи мазкур чор ноҳияи вилояти Хатлон – Восеъ, Панҷ, Ҳамадонӣ ва Шўроободро  фаро мегирад. Сенарияи гузаронидани машқҳои амалӣ интихоб карда шуд ва машқҳои амалӣ барои 130 деҳаи интихобӣ гузаронида шуданд. Методикаи гузаронидани машқҳои амалӣ барои солҳои 2-юм ва 3-юм пешниҳод шудаанд. Мониторинги рафти амалишавии барнома дар 10 ҷамоати 4 ноҳия гузаронида шудааст. Натиҷаи мониторинги умумӣ дар соли 2011 пешниҳод мешавад.

ЛОИҲАИ КОҲИШИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Лоиҳаи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ бо дастгирии ФБҶ СС ва ҲА аз моҳи сентябри соли 2010 дар 5 ноҳия, бо ташкилкунии 12 Кумитаи маҳаллӣ ва тайёркунии 240 ихтиёрӣ ба итмом расид. Барои 24 нафар сардорони гуруҳ семинари 3-рўза ташкил карда, маълумот оид ба таърих ва фаъолияти имрўзаи Ҷунбиши Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, намудҳои ҲФ, омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ, муайянкунии эҳтиёҷот (баҳодиҳӣ ба вазъ, муайянкунии вазифаҳо ва тадбирҷўӣ), расонидани ёрии аввал ба аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои изтирорӣ аз тарафи мударриби ёрии аввал гузаронида шуд. Мавзўи омўзишии дигари лоиҳа тағйирёбии иқлим буда, дар чаҳорчӯби он ба 24 муаллим маводи иттилоотӣ дар ҷараёни мизи мудавввар тақсим гардид. Дар лоиҳа ду барномаи соҳилтозакунӣ нишон дода шуда буд, ки мувофиқи дархости ҳукумати Шуғнон д.Ғожаки ҷамоати Дарморахт ва д.Барёмҷи ҷамоати Сохчарв интихоб гардида буданд. Дар доираи лоиҳа 4 машқи амалӣ гузаронида шуд. Мавзўи дигари лоиҳа омўзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ барои мактаббачагон буд, миёни иштирокчиён маводи иттилотӣ тақсим карда шуд.