Дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ” филиали Ҷамъияти Хилоли Ахмари Точикистон дар минтақаи Рашт дар санаи 3-5 апрели соли 2022 дар деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби-оби нохияи Тоҷикобод омузиш оиди тайёри ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, коҳиши хавфи офатҳои табии, расонидани ёрии аввали то духтурӣ, беҳдоштии об, таъғирёбии иқлим барои 20 нафар аъзоёни кумитаи маҳали аҳолии деҳаи мазкур гузаронида шуд.
Ҳадафи ин барномаи мазкур тақвияти устувории кӯдакон, хонаводаҳо ва ҷомеаҳо ба офатҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани омодагӣ дар минтақаҳои аз ҳама хатарноки аз офатҳои табии Осиёи Марказӣ мебошад.
Маблағгузори лоиҳаи мазкур“Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID BHA) мебошад.