Дар таърихи 21-22 октябри соли 2022 дар шаҳри Хоруғ маркази маъмурии ВМКБ дар доираи барномаи “Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон” (EMERGENCY APPEAL, MDR65006) барои аъзои ГМВҲФ филиали ҶҲАТ дар ш. Хоруғ ва аъзои ГМВҲФ филиали ҶҲАТ н. Ишкошим дар ш. Хоруғ омӯзиши дурӯза гузаронида шуд. Дар семинари мазкур 24 нафар узви фаъоли ГМВҲФ филиали ҶҲАТ дар ш. Хоруғ ва н. Ишкошим иштирок намуданд. Дар оғози омӯзиш, котиби иҷрояи ҶҲАТ дар ВМКБ Маҳмадаминова Т. иштирокчиёни омӯзишро хайра мақдам гуфта, аз онҳо хост то дар рафти омӯзиш фаъолона иштирок намуда ва мавзӯҳои пешниҳодшударо аз худ намоянд, чунки онҳо метавонанд маълумоти азхудкардаи худро ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ба таври амалӣ истифода бурда ба мардуми зарардида кӯмак расонанд. Сипас дар бораи барномаи барномаи “Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон” ва мақсаду ҳадафи он ба иштирокчиён маълумот дода шуд.
Ҳадаф аз омӯзиши мазкур ин омӯзонидани аъзои фаъоли ГМВҲФ филиали ҶҲАТ дар ш. Хоруғ ва н. Ишкошим мавзӯъҳо оид ба Ҷунбиши байналмилалии СС ва ҲА, риояи принсипҳои бунёдӣ, истифодабарии аломатҳо, асосҳои ҳуқуқии ҶҲАТ, нақши ҶҲАТ дар системаи омодагӣ ва вокуниш ба ҲФ дар ҶТ, системаи идоракунӣ ҳангоми ҲФ, назорати эпидемологӣ, назорати беҳдоштиву эпидемологӣ, масъалаҳои обу беҳдоштӣ, ёрии аввал, кӯмаки нақдӣ ва ваучерӣ, ҳимоя, гендер ва фарогирӣ ва фаъолияти волонтёрӣ ва дигар мавзӯъҳо буд.
Тренинг аз тарафи тренерони ботаҷрибаи шӯъбаи ҲФ Кумитаи Марказӣ ва филиали минтақавии ҶҲАТ дар ВМКБ дар мавзӯъҳои дар боло зикршуда гузаронида шуд.