Омӯзиши дурӯза барои волонтерони ҶҲАТ дар н.Дарвоз

0
79

Дар таърихи 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳраки Қалаихумби н. Дарвози ВМКБ дар доираи барномаи “Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон”(EMERGENCY APPEAL, MDR65006) барои волонтерон филиали ҶҲАТ дар н. Дарвоз семинари дурӯза гузаронида шуд. Дар семинари мазкур 20 нафар волонтёри фаъол ва котиби иҷрояи филиали ҶҲАТ дар н. Дарвоз иштирок намуданд.
Ҳадафи тренинг ин омӯзонидани волонтеронии филиали ҶҲАТ-и н.Дарвоз мавзӯъҳо оид ба маълумоти умумӣ дар бораи Ҷунбиши байналмилалии СС ва ҲА, риояи принсипҳои бунёдӣ, истифодабарии аломатҳо, асосҳои ҳуқуқии ҶҲАТ, нақши ҶҲАТ дар системаи омодагӣ ва вокуниш ба ҲФ дар ҶТ, системаи идоракунӣ ҳангоми ҲФ, назорати эпидемологӣ, назорати беҳдоштиву эпидемологӣ, масъалаҳои обу беҳдошӣӣ, ёрии аввал, кӯмаки нақдӣ ва ваучерӣ, ҳимоя, гендер ва фарогирӣ ва фаъолияти волонтёрӣ ва дигар мавзӯъҳо буд. Тренинг аз тарафи тренерони ботаҷрибаи шӯъбаи ҲФ Кумитаи марказӣ ва филиали минтақавии ҶҲАТ дар ВМКБ дар мавзӯъҳои дар боло зикршуда гузаронида шуд.