18-20 августи соли ҷорӣ омӯзишӣ 3 рӯзаи бозомузии гуруҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кулоб баргузор мегардад. Дар ин омӯзиш 12 нафар аъзоёни гуруҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кулоб иштирок менамоянд.
Инчунин дар омӯзиш ҳамоҳангсози барномаи Тайёри ва вокуниш ба Ҳолатҳои Фавқулодаи ҶҲАТ Имомов П.С., ҳамоҳангсози Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Бурҳонов Шафтолу ва Тренери ёрии аввал Худойдодов Комил оид ба мавзӯҳои дар рӯзномаи омӯзиш дарҷ гардида, иштирокчиёнро омӯзониданд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, 19 августи соли 2021