Омӯзиши серӯза барои аъзои гурӯҳи миллии вокуниш ба ҲФ филиали ҶҲАТ-и минтақаи Кӯлоб

0
1488

Дар таърихи 15-16-17 июли соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб дар доираи барномаи “Воридшавии эҳтимолии гурезагони афғон” (EMERGENCY APPEAL, MDR65006) тренинги омӯзишии серӯза барои аъзои гурӯҳи миллии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи филиали ҶҲАТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар тренинги мазкур 12 нафар аъзои фаъоли ГМВҲФ иштирок намуданд. Ҳадафи тренинг ин омӯзонидани аъзои КМВҲФи филиали ҶҲАТ-и минтақаи Кӯлоб мавзӯъҳо оид ба маълумоти умумӣ дар бораи Ҷунбиши байналмилалии СС ва ҲА, риояи принсипҳои бунёдӣ, истифодабарии аломатҳо, асосҳои ҳуқуқии ҶҲАТ, нақши ҶҲАТ дар системаи омодагӣ ва вокуниш ба ҲФ дар ҶТ, системаи идоракунӣ ҳангоми ҲФ, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ, қоидахои бехатарӣ, ёрии аввал ва кӯмаки аввали равонӣ ва дигар мавзӯъҳо буд. Тренинг аз тарафи тренерони ботаҷрибаи шӯъбаи Ҳолатхои Фавкулодаи Кумитаи марказӣ ва филиали ҶҲАТ дар ш. Кӯлоб дар мавзӯъҳои дар боло зикршуда гузаронида шуд.