Дар давраи пахншавии бемории хамагири COVID -19 муассисахои тахсилоти миёнаи умуми метавонанд яке аз маконхои авчдихандаи ин бемори бошанд. Зеро хар рӯз хонандагон пас аз бозию гаштугузор дар байни анбўхи одамон дар мактаб ба хона, назди волидону бобою бибиҳояшон бармегарданд. Наздиконашон онхоро ба оғӯш мегиранд, ҳамроҳ аз наздик сухбат карда, дарс тайёр менамоянд ё ғизо мехӯранд. Аз ин рў, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ҷониби талабаҳои мактаб, пеш аз ҳама, барои таъмини солимии ахли хонадон ва муаллимҳояшон ахамияти зиёд дорад. Ҳилоли Аҳмари Точикистон бо таҷрибаи зиёде, ки дар самти кор бо мактаббачагонро дорад, аз огози тирамоҳи соли 2020 лоиҳаи “Омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз коронавируси нав COVID-19” дар Тоҷикистонро мавриди амал карор додааст. Лоиҳаи мазкур бо кумаки техникии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар иљрои лоиҳа Бунёди мадади шоњигарии Британияи Кабир, вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон, ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Канада ва Белгия мусоидат менамоянд.
Ба гуфтаи Баҳодур Қурбониён, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон, лоиҳа аз самтҳои гуногуни фаъолият иборат аст.
-Яке аз самтҳои муҳимтарин ва қадами аввал баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум аз хатарҳои коронавирус ва беомриҳои дигари гузаранда мебошад. Дар ин самт ихтиёриён ва кормандони Чамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон, ки аз омӯзишҳои махсус дар ҳамкорӣ бо мақомоти тандурустии Тоҷикистон гузаштаанд, хона ба хона, мактаб ба мактаб, кӯча ба кӯча мегарданд ва ба ҳамагон доир ба муҳим будани риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тарзи дурусти риояи ин қоидаҳо маълумот медиҳанд, – изхор намуд ў.
Махсусан, дар мактабҳо қоидаҳои оддие, ба монанди чӣ гуна пайваста шустани дастҳо, пӯшидани ниқобҳо ва дигар қоидаҳои беҳдоштиро нишон медиҳанд. Дар мактабҳо, барои чолиб ва хотирмон гузаштани ин дарсҳои беҳдоштӣ, Ҳилоли Аҳмари Точикистон аз озмунҳои хурд ва ҳадяҳо кор мегирад. Дар тамоми ин чораҳои иттилоотӣ баргаҳои махсуси иттилоотӣ ба мардум тақсим мегарданд. Чунин чорабинии иттилоотӣ дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рашт дар сатхи баланд гузаронда шуд.
Тақсими мошинаҳои дӯзандагӣ ба занони ниёзманд самти дигари фаъолият дар чаҳорчӯбаи ин тарҳ мебошад, ки бо пуштибонии молии вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (Federal Ministry for Economic Cooperation and Development, BMZ) амалӣ мегардад. Баҳрагирандагони тарҳи мазкур, ки дар асоси рӯйхати тартибдодаи мақомоти маҳаллӣ вобаста ба ниёзмандї баробари мошинаҳои дӯзандагӣ маводи дигари дӯзандагӣ, аз љумла матоъ мегиранд.
Бонуи 27-сола Ҳ. Н., ки дар маркази ноҳия зиндагӣ мекунад, ягона саробони модар ва холаи маъюбу чор кўдаки хурдсол мебошад. То ҳол зиндагиро аз ҳисоби нафақаи маъюбӣ ва кумаки хайрияви пеш мебурданд. Ҳар як узви хонавода ниёзманди нигаҳбонии пайваста аст ва номбурда наметавонад онҳоро дар хона танҳо гузошта, ба берун ба ҷойе ба кор барояд. Вақте Ҳ. барои оғози кори дӯзандагӣ аз мошинаи дӯзандагӣ ва матоъ дастрас кард, аз икдоми Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон изхори хушхоли намуд. Акнун, ӯ дар хона нишаста метавонад аз занхои махали зисташ фармоиши омодасозии либосхоро гирифта, аз хисоби дўхтани онхо зиндагиро пеш барад. Дар доираи Солхои рушди дехот, сайёхи ва ҳунарҳои миллӣ чунин амалхо аз чумлаи тадбирхои босамар махсуб меёбад.
– Ман ҳунари хуби дӯзандагӣ дорам. Дар ин ҷо занҳо аксаран либосҳои миллӣ мепӯшанд. Ман кӯшиш хоҳам кард, ки либосҳои онҳоро моҳирона дӯзам, то муштариёнам зиёд гарданд. Хамчунин, аз он хушҳолам, ки дар хона аз назди фарзандон ва модару холаам дур нарафта, ба воитаи як шугли муносиб зиндагии хонаводаамро пеш барам. Имсол, ки писари худам ҳам ба мисли ду фарзанди холаам ба мактаб меравад, акнун кушиш мекунам кори дўзандаги харочоти тахсили хамаи онхоро таъмин намоям. – гуфт ў.
Беморони сил яке аз қишрҳои мавриди ҳадафи ин лоиҳа мебошанд ва дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа онҳо бастаи беҳдоштӣ дарёфт мекунанд. М. мегӯяд:
Яке аз сокинони деҳоти дурдасти ноњия, ки аз афроди гирифтори ин беморист, дар доираи лоихаи рохандозинамудаи чамъият аз кумакхои хайрияви бархурдор шуд. Номбурда тайи солхои мухочирати мехнати ба бемории сил гирифтор шудааст.
– Панҷ духтару як писар дорам. Писарам ҳоло донишҷӯст. Се сол пеш боз ба Маскав рафтам, ва ҳангоми гузаштан аз муоинаи тиббӣ аз ин беморӣ огоҳ шудам. Бароям иҷозати кор надоданд ва баргаштам. Худованд ҳеҷ касро бемор нагардонад. Вақте ба ман гуфтанд, ки сил шудаам, дигар зиндагї дар назарам тира гашт. Тавони сухбату гуфтугў бо одамонро надоштам. Аз рафтан ба маъракаҳои ҳамсояҳо ва хешовандон худдорӣ мекардам. Намедонам, ки дар куҷо кор кунам ва чӣ гуна зиндагиро пеш барам. Намехоҳам, ки аз ҳоло бори зиндагӣ бар дӯши писари донишҷӯям афтад, – гуфт ў.
Ўро ба Ҳилоли Аҳмари Точикистон Маркази ноҳиявии мубориза бо сил равона кард. Амрулло Ҳабибуллоев, раиси бахши Ҳилоли Аҳмари Точикистон дар нохияи Рашт гуфт, ки холо дар ин чо аз 65 нафаре, ки мувофиқи рӯйхати пешниҳоднамудаи мақомоти маҳаллӣ бастаҳои беҳдоштӣ дарёфт карданд, 55 нафар гирифтори бемори сил ва 10 нафар бемори ВИЧ СПИД мебошад. Хуб аст, ки ноҳияи Рашт ҳам ба ин лоиҳа дохил шуд. Намояндагони мақомоти маҳаллӣ бо мо ҳамкориҳои хуб доранд ва дар муайян кардани баҳрагирандагону ниёзмандон кумак мерасонанд. Дар амалисозии ҳама иқдомҳо ва тақсимоти ёриҳо мусоидат менамояд. Хамчун ёрии башардӯстона дар ноҳия мо мошинаҳои дӯзандагӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва маводи хӯроквори тақсим намудем. Кӯшиш дорем, ки каме ҳам бошад, ба оилаҳои ниёзманд дасти ёрї дароз кунем ва онхо донанд, ки ин кишри чомеа танҳо нестанд, давлату Хукумат ва ташкилотхои башардўсте мисли Чамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон хамеш дар пахлуяшон карор дорад.


#ҲилолиАҳмар #Дар Хидмати Мардум