Оғози фаъолияти лоиҳаи дуюми кумакпулии ҳармоҳа ба ятимон

0
1776

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои 643 нафар кўдакони ятим дар кишвар кумакпулӣ таъин кард.
Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб нисбати як нафар ятим дар як моҳ 180 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рўзи пардохт кумакпулӣ муқаррар карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки 180 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб бо дарназардошти қурби асъори миллӣ ба санаи 3-юми августи соли 2020 505,24 (панҷсаду панҷ сомониву бистучор дирамро) ташкил медиҳад.
Тибқи созишномаи мазкур 643 нафар кўдакони ятиме, ки дар тарбияи хешовандони наздик қарор доранд, аз шаҳри Душанбе бо ба инобат гирифтани шароити моддии онҳо дар лоиҳа фаро гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки маблағи кумакпулӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба суратҳисоби ятимон интиқол дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли равон аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти чунин лоиҳаи сарпарастии ятимон ба роҳ монда шудааст, ки дар он 500 нафар ятимон аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаро гирифта шудааст, ки мувофиқи он барои як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмўъ тибқи лоиҳаҳои дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба сарпарастии ятимон амалкунанда нисбат ба 1143 (як ҳазору яксаду чилу се) нафар ятимон кӯмакпулии ҳармоҳа пешбинӣ гардида аст.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, кўшиш менамояд, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат саҳмгузор бошад.