Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID BHA) тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба амалӣ намудани фаъолиятҳои лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» дар ноҳия Ванҷ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ВМКБ дар таърихи 29.09.2022 дар деҳаи Ускроги ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ мизи мудавварро оиди оғози фаъолияти лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» баргузор намуд. Лоихаи мазкурро Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID BHA) маблаггузори менамояд. Дар худуди ВМКБ лоихаи мазкур нохияхои Ванч (дехахои Ускрог ва Гишхун), Рушон (дехахои Сипонч ва Разуч) ва Рошткальа (дехахои Хидорчев ва Ричист)-ро дар бар мегирад.
Дар оғози баргузории мизи мудаввар, бошандагони деҳаи Ускроги ҷамоати дехоти Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ аз дастгирихои пайвастаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изхори минатдории хешро баён сохтанд. Иброз гардид, ки солхои пеш низ дар хамин деха, тавассути маблаггузории бевоситаи ЧХАТ дар ин дехаи пур аз хатархо кумитаи махалии эътино ба холатхои фавкулодда таьсис дода шуда буд,ки он низ дар раванди омодабошии ахоли ва мактаббачагони дехаи мазкур корхои зиедеро ба сомон расонд.
Дар рафти гузаронидани мизи мудаввар, масьалахои пурзуртар намудани хамкорихои ҶҲАТ бо сохторхои давлати ва шарикони хамкор баен гардидаанд. Инчунин таьсиси кумитахои махалии эътино ба ХФ дар дехаи Ускрог, ташкили гуруххои зудамал аз байни хонандагони муассисаи тахсилоти миенаи умумии №19-и дехаи Ускрог, ташкил намудани омузишхо бо ин гурух, пурзур намудани корхои таргиботи оиди омодаги ва вокуниш ба холатхои фавкулодда дар байни ахоли ва хонандагони дехаи Ускрог, ташкили машкхои амали, ташкили озмунхои расми бехтарин дар байни волонтерон ва хонандагон, гузаронидани тадкикотхои иктидор ва осебпазири дар дехаи Ускрог, гузаронидани митигатсияхои сохтори ва гайрисохтори дар дехаи Ускрог ва муассисаи тахсилоти миенаи умумии №19-и дехаи Ускрог мавриди барраси карор гирифтанд.
Дар кори мизи мудаввар намояндаи макомотхои махалии хокимияти давлатии ноҳияи Ванч, намояндаи ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев, намояндаи шуьбаи маориф, намояндаи КХФ ва МГ-ии нохияи Ванч, аъзоени гурухи милии вокуниш ба холатхои фавкулоддаи нохияи Ванч, ширкат варзиданд.
Ҳамин тарик, дар мизи мудаввари мазкур фаъолиятхои лоихаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» дар дехаи Умкроги чамоати дехоти М.Абдуллоеви нохияи Ванч расман огоз эълон гардиданд. Максади асосии он боз хам баланд бардоштани иктидори чамьияти милли дар самти омодаги ва эътинои сифатноку саривакти хангоми холатхои фавкулодда арзеби гардид.