ОҒОЗИ СОЛИ ДУВВУМИ ЛОИҲАИ “СУРЪАТ БАХШИДАНИ ФАЪОЛИЯТҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ БУҲРОНҲОИ ГУМАНИТАРӢ ВА ТАНДУРУСТӢ”

0
406

19-20 июли соли 2023 тибқи Нақшаи кории лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ”-и барномаи Раёсати кӯмакҳои башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандӣ “ЕСНО-РРР” дар мавриди оғози соли дуюми амалишавии лоиҳа дар толори конфронсии Меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), шарикони рушд ва кормандони лоиҳа дар ҳамаи 7 шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд семинари ифтитоҳӣ баргузор гардид.

Намояндаи Салиби Сурхи Олмон Парвиз Маҳмудов доир ба бурду бохти соли аввали амалишавии лоиҳа сухан карда, ӯ дар соли дуюми фаъолият низ барои кормандон барору музаффариятҳо хост.

Сипас менеҷери лоиҳаи мазкур Фахриддин Каримов Нақшаи кории соли дуюми лоиҳаро муаррифӣ намуда, доир ба чорабиниҳои дар 5 бахш (пиллар)-и лоиҳа банақшагирифташуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Бахусус, тамоми фаъолиятҳоро дар доираи Бахши 1 – Лоиҳаҳои митигатсионӣ, дар доираи Бахши 2 – Мушоҳидакунӣ дар сатҳи маҳал дар шамкорӣ бо кормандони мақомоти тандурустӣ, лоиҳаҳои хурд вобаста ба таъминот бо об, риояи тозагӣ ва беҳдошт (WASH), дар доираи Бахши 3 – Мардуми дар ҳоли ҳаракатбуда, дар доираи Бахши 4 – Кӯмаки нақдӣ ва ваучерӣ, дар доираи Бахши 5 – Ҷалби ҷомеа ва масъулият шарҳу эзоҳ дод.

Дар рӯзи дуюми Семинари ифтитоҳӣ (20 июл) молиячии лоиҳа дар сатҳи ДИ КМ ҶҲАТ Истад Назарова дар бобати муҳосибот ва логистика, камбудиҳои соли аввал ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо, корманди лоиҳа Юсуфҷонов Фаридун дар хусуси дар мавзӯи “Ҳамгироии низоми мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва баҳогузорӣ дар лоиҳа”, “Ҷалби ҷомеа ва масъулият”, “Коммуникатсия ва аёният”, босифат иҷро намудани вазифа бо дарназардошти коммуникатсия ва аёният сухан карда, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Ҳамин тавр, семинари дурӯзаи ифтитоҳӣ вобаста ба оғози соли дуюми амалишавии лоиҳа ба интиҳо расид.

Хотиррасон менамоем, ки лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ”-и барномаи “ЕСНО-РРР” бо дастгирии молиявии Сарраёсати дафтари башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо (DG-ECHO), Салиби Сурхи Олмон (ташкилоти пешбар), Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Италия шурӯъ аз моҳи майи соли 2022 дар 21 деҳаи 7 шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд: Исфара, Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Ашт аз ҷониби кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ дар амал татбиқ шуда истодааст.