Оғози фаъолияти лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» дар ВМКБ

0
887

Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ  (USAID BHA) тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои амали намудани фаъолиятҳои лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» дар ВМКБ огоз менамояд.

Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ВМКБ дар таърихи 14.09.2022 дар шахри Хоруғ мизи мудавваро оид ба оғози фаъолияти лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» баргузор намуд. Лоиҳаи мазкурро Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ  (USAID BHA) маблағгузорӣ менамояд. Дар ҳудуди ВМКБ лоихаи мазкур ноҳияҳои Ванҷ (деҳаҳои Ускрог ва Гишхун), Рушон (деҳаҳои Сипонч ва Разуч)  ва Роштқальа (деҳаҳои Хидорчев ва Ричист)-ро дар бар мегирад.

Дар доираи фаъолиятҳои лоиҳаи мазкур масьалахои пурзуртар намудани ҳамкориҳои ҶҲАТ бо сохторҳои давлатӣ ва шарикони ҳамкор баён гардидаанд. Инчунин таьсиси кумитаҳои маҳалии эътино ба ҲФ дар деҳаҳои мақсаднок, ташкили гуруҳҳои зудамал аз байни хонандагони мактабҳои мақсадноки лоиҳа, ташкил намудани омузишҳо бо ин гурруҳҳо, пурзур намудани корҳои тарғиботӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар байни аҳолӣ ва хонандагон, ташкили машқҳои амалӣ, ташкили озмунҳои расми беҳтарин дар байни волонтёрон ва хонандагон, гузаронидани тадқиқотҳо оид ба баланд бардоштани иқтидор ва осебпазирӣ дар деҳаҳои  мақсаднок, гузаронидани митигатсияҳои сохторӣ ва ғайрисохторӣ дар деҳаҳо ва мактабҳои мақсаднок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомотҳои маҳалии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони шуьбахои маориф, намояндагони КҲФ ва МГ, котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар нохияҳои Ванҷ, Рушон ва Роштқальа, намояндаи ташкилоти ЮНИСЕФ дар ВМКБ, намояндаи Агентии Оғохон оид ба макони зист, намояндаи идораи обуҳавошиносии ВМКБ, намояндаи КБСС дар ВМКБ ва кормандону  ихтиёриени ҶҲАТ( аъзоёни МВҲФ-и шаҳри Хоруғ) ширкат варзиданд.

Тамоми иштирокдорони мизи мудаввар самти омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаро, ки ҶҲАТ дар солҳои пеш тавассути маблағгузорони дигар ташкил карда буд, саволу ҷавоб намуда, дар рафти амалишавии фаъолиятҳои лоиҳаи мазур, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро баён намуданд.

Ҳамин тариқ,  дар мизи мудаввари мазкур оғози фаъолияти  лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» расман эълон гардид. Мақсади асосии он боз ҳам  баланд бардоштани иқтидори ҷамьияти милли дар самти омодагӣ ва эътинои сифатноку саривақтӣ ҳангоми ҳолатҳои фавкулодда арзёбӣ гардид.