3 сентяби соли 2021 Аминзода Нодир, корманди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №28-и ҷамоати деҳоти Мирзоали Вайсови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф овард.
Зимни сафар Аминзода Нодир оид ба рафти таъмири мактаб аз ҷониби сохтмончиён шиносоӣ намуд. Бояд қайд намуд, ки таъмири ММТУ №28 аз ҷониби ҶҲАТ бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Баҳрейн тавассути Кумитаи байналмилалии исломии Ҳилолиаҳмар дар муддати 3 моҳ амалӣ хоҳад гашт.
Зимни сафари корӣ Аминзода Нодир ҳамчунин бо муовини раиси ҷамоати Рудакии ноҳияи Восеъ Қодиров Сайфулло вохурӣ намуда, оид ба рафти сохтмони майдончаи варзишӣ, ки аз ҷониби ҶҲАТ амалӣ мегардад суҳбат намуд.
Ҳамзамон Аминзода Нодир бо раиси ҷамоати дехоти Мирзоали Вайсови ноҳияи Восеъ, Латипов Саидҷамол, ки МТМУ №28 дар ҳудуди ин ҷамоат воқеъ аст, вохурӣ намуда, оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар ин мактаб маълумот дод.