Рўзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

0
2275

Ҳамасола санаи 8 май дар саросари кишвархои дунё ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар эътироф гардидаааст.
Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба хотири зодрўзи ходими ҷамъиятӣ ва гуманист, асосгузори Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Жан Анри Дюнан, ки 8 майи соли 1828 дар шаҳри Женеваи Шветсария ба дунё омаддаст (8 майи 1828 – 30 октябри 1910) бахшида шудааст.
Соли 1863 бо ташаббуси Анри Дунан конфронси байналмилалӣ даъват карда шуд, ки он ба он таъсиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх асос гузошт. Номи расмии “Салиби Сурхи Байналмилалӣ” соли 1928 дар конференсияи 13-уми байналмилалӣ дар шаҳри Гаага тасдиқ карда шуд. Рӯзи Салиби Сурх бори аввал танҳо пас аз 20 сол, дар соли 1948, ҷашн гирифта шуд. Бо гузашти вақт, номи ин рӯз тағйир ёфт ва соли 1984 ин ид “Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар” номида шуд.
Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар як шабакаи глобалии башардӯстона мебошад, ки беш аз 80 миллион нафар аҳолиро фаро мегирад ва ба онҳое, ки дучори офатҳои табиӣ, низоъ, саломатӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ мебошанд, кӯмак мерасонад. Он аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва 191 Ҷамъиятҳои Миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иборат аст.
Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар саросари ҷаҳон бо мақсади ташвиқ ва пешбурди амалҳои башардӯстона, ки аз ҷониби аъзоёни Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, 191 Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба зарурати ҳифзи ҳаёти инсонҳо ба ғайр аз шаъну шарафи қурбониёни ҳама гуна низоъҳои мусаллаҳона ва ҳама шароити хушунат нигаронида шудааст. Ҳафт принсипи бунёдии Ҳаракати байналмилалии Садиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки онро тамоми аъзоёни Ҳаракат эътироф намудаанд, ба мисли, башардўстӣ, бетарафӣ, беѓаразӣ, мустақилӣ, ихтиёрӣ, ягонагӣ, ҷомеъият мебошанд.
Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх аломати Салиби Сурх ва Ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмар бошад аломати Ҳилоли Аҳмарро дар заминаи сафед истифода мебаранд, ки ҳарду аломат низ баробаранд.
Аломати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамчун аломати ҳимоявӣ ва ҳамчун аломати фарқкунандаи Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар истифода мешаванд.
Соли 2005 Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аломати иловагӣ қабул кард – аломати булӯри сурх (квадрати сурх дар заминаи сафед), ки он ба кишварҳое, ки намехоҳанд аломати Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмарро истифода баранд, бо ҳамроҳ шудан ба ин ҳаракат ва узви комилҳуқуқ шуданашон, фароҳам меоварад.
Дар Федератсияи Русия Ҷамъияти Салиби Сурх моҳи майи соли 1867 бо номи “Ҷамъияти нигоҳубини ҷангиёни маҷрӯҳ ва бемор” таъсис дода шуд. Дар соли 1918 он ба Салиби Сурхи Пролетар табдил дода шуд, дар соли 1925 Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди ҷумҳурияҳои шуравии сотсалистӣ (ИҶШС) таъсис дода шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 1927 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) таъсис дода шуд. ҶҲАТ низ яке аз аъзоёни Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС буд.
Соли 1992 дар робита бо пошхӯрии ИҶШС санад “Дар бораи барҳам додани Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС қабул карда шуд.
Феълан дар ҷаҳон садҳо ташкилоту созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ амал мекунанд, ки самтҳои фаъолияташон дар асоси принсипҳои гуногун шакл гирифтааст. Дар ин миён метавон аз фаъолияти самарабахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба унвони як ниҳоди умумиҷумҳуриявӣ ва хайрхоҳу имдодрасон дифоъ кард. Ин ҷамъият дар саросари кишвар 2 бахши вилоятӣ (Суѓд ва ВМКБ), 2 бахши минтақавӣ (Бохтар ва Кўлоб) ва 65 бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ дошта, зиёда аз 14 000 аъзо ва беш аз 12 000 волонтёр ё ихтиёрӣ дорад.
Воқеан, ҶҲАТ ҷамъияти мустақили беғаразест, ки дар амри пиёда намудани ниёзи шахсони ниёзманд ҳангоми ба мушкилиҳо мувоҷеҳшуда дар нуқоти гуногуни кишвар саҳми бориз дорад. Зеро аҳдофи калидии он ҳифзи ҳаёт, шаъну шарафи инсонҳо, бахусус доираи одамоне, ки дар пайи ҳаводиси гуногуни фавқулода ё даргириҳо осеб дидаанд, мебошад.
Бояд гуфт, ки раванди фаъолияти ибратбахши ин ниҳод далолат бар он мекунад, ки он дар саргаҳи таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ қарор дорад. Ин аст, ки пайваста барои пешгирӣ ва сабук намудани азобу шиканҷаи одамон иқдом меварзад.
Дар ин муддат ҶҲАТ корҳои зиёди назаррас ва судмандро дар мавриди дастгирии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ, гузарондани нуқтаҳои оби нўшокӣ ба минтақаҳое, ки ба он ниёз доранд, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ ва хадамоти ҷустуҷў, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркида дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ, омўзиши курсҳои кўтоҳмуддати забони русӣ, компютер ва маслиҳатҳои роёгони ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва ѓайраҳо ба роҳ мондааст. Дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар фаъолияти ҶҲАТ дар ҳамбастагӣ бо шариконаш дар Тоҷикистон, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иттифоқ афтода буд, асосан аз ҷониби ниҳод ба шахсони эҳтиёҷманд ёриҳои башардӯстона расонда мешуд. Дар ин муддат тақрибан ба 200 ҳазор нафар, ки маҳалли зисти доимиашонро тарк карда, ба ёриву дастгирӣ эҳтиёҷ доштанд, маводи ғизоӣ, ғайриғизоӣ ва доруворӣ дастрас гардид.
Аммо, баробари ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар ҶҲАТ ба амалӣ намудани силсилаи барномаҳои дигари башардўстиро оғоз кард.
Дар маҷмуъ фаъолияти пурсамару некбинонаи ҶҲАТ ва рафоҳи зиндагии осебдидагони ҳаводиси гуногун қобили тавсифу арҷгузорист. Аз сӯи дигар муваффақ шудани ин ниҳод дар амри иҷрои рисолати худ дар кишвари мо нишонаи дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманди Ҳукумати мамлакат ба созмонҳову ҷамъиятҳои миллист.
Дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» дар соли 2010 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 октябри 2011 № 594 «Дар бораи тартиб, шарт ва мўҳлати гузаронидани мохвораи Хилоли Ахмар» боиси дастгирии фаъолияти башардўстона аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мансуб меёбад.
Дар соли 2019 аз ҳисоби Ҷамъият ба 45 оилаҳои аз офати табиӣ қисман зарардидаи ноҳияҳои Ванҷ, Рушон, Ишкошим, Шуғнон, Вахш, Рашт ва шаҳрҳои Панҷакенту Конибодом кўмаки башардӯстона дар намуди маводҳои ғайрихӯрока дастрас карда шудааст.
Ҷамъият бо истифода аз Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин дастгириҳои молиявии Ҷамъиятҳои милии Салиби Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Хитой, тибқи тартиби муқарраргардида дастрас намудани маводҳои ғайрихӯрока ба 536 оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи мамлакатро анҷом додааст.
Дар доираи ҳамкориҳои башардӯстона байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Данғара, Темурмалик, Восеъ, Вахш ва Панҷ иқдоми хайриявӣ анҷом дода шуд.
Кўмаки мазкур аз маводи хўрока иборат буда, ба 10 500 оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои зикргардида дастрас карда шуданд.
Бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Қатар дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2019 иқдоми хайриявиро ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманди пойтахт анҷом додааст.
Дар маҷмӯъ кӯмакҳои мазкур аз 330 бастаи либосҳои зимистона барои писарон ва духтарон, 600 адад кампали пашмин ва 330 адад гармкунаки барқӣ иборат мебошанд.
Ҳамчунин дар соли сипаригашта Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо мақсади дастгирии тарбиятгирандагони 5 мактаб-парваришгоҳи шаҳри Душанбе, кӯмакҳои озуқаворӣ ва ѓайри озуқаворӣ намудааст.
Вобаста ба қазияҳои ҷойдошта ҶҲАТ фаъолияти барномаҳои худро дар самтҳои ниёзи аввалиндараҷаи мардум тарҳрезӣ менамояд.
Имрўзҳо дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус (COVID-19), ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн гардидааст, баргузор мегарданд. Чунин чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои интихобии вилояти Суѓд, ВМКБ, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.
Тибқи нақшаи баргузории ин чорабиниҳо ҳар як ихтиёрии омӯзонидашуда дар як рўз ба 10 хонандаи мактаб ва 16 нафар аҳолии ҷомеа вохуриҳои иттилоотӣ оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус хоҳанд гузаронид. Ин вохуриҳои иттилоотӣ бояд аз ҷониби ҳар як волонтёр дар тӯли 70 рӯз бо фарогирии 1820 нафар (700 хонанда ва 1120 аҳолии ҷомеа) гузаронида шаванд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушди худ дар 32 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути 640 нафар ихтиёриёни омӯзонидашуда дар давоми 70 рӯз ҷаласаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирус (COVID-19) баргузор менамоянд. Дар маҷмӯъ ин 640 ихтиёриёни нав 1 164 800 нафар аҳолии кишварро фаро мегиранд.

Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардўстии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 8 майи соли 2020