Рӯзи дави миллӣ имруз дар чумхурӣ оғоз ёфт

0
1846

Рӯзи дави миллӣ имсол рӯзи якшанбеи 16 май оѓоз шуда, дар шахри Душанбе он аз шаҳраки Чорбоғ оғоз ёфта, дар Наврӯзгоҳгоҳи пойтахт хотима меёбад.
Рӯзи дави миллӣ одатан дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад, масофаҳо 3, 5 ва 10 км муайян карда шудаанд. Ҳар сол, рузи якшанбеи сеюми моҳи май, дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад, ки ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он дар саросари кишвар мебошад.
Дар дави имсола иштироккунандагон дар ҳайати намояндагони сохторҳои давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯён, корхонаҳои хусусӣ, намояндагони ташкилоту созмонњои милли ва байналмилали фаъолона ширкат варзиданд. Ба ғолибону ширкаткунандагони фаъол тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукоти рӯзи дави миллӣ супурда хоњанд шуд.
Кормандон ва волонтёрони Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) низ дар шахри Душанбе, вилояти Сугд, ВМКБ, Хатлон, шахри Душанбе ва нохияхои тобеи чумхури дар ин икдом бо шиору овезахо фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин дав яке аз ихтиёриёни бахши ЧХАТ дар нохияи Рашт Ризоева Бибифотима дар байни чавондухтарон якумин шуда ба марра расид ва сазовори ифтихорнома ва тухфаи хотирави аз чониби Макомоти ичроияи хокимияти давлати н.Рашт гардид.
Аллакай Дави милли дар чумхурии мо решахои амик дорад ва имруз имконияти пурраи пахншави ва афзоиш дорад. Таъсисидихандагони он Кумитаи миллии олимпи ва Кумитаи чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон мебошанд. Аввалин рузи Дави олимпи дар соли 1993 барпо гардида, дар он зиёда аз 500 нафар ширкат варзиданд.
Дар солхои баъдина ин ракам афзуд. Бинобар содир шудани Фармони Президенти Чумхурии Точикистон рузи Дави олимпи эхёи нави миллиро касб кард ва рузи Дави миллї номгузори шуд.
Дар соли 2006 дар рузи Дави милли 110 хазору 537 нафар одамон ширкат варзиданд. Ба Дави милли одамони хурду калон баромада буданд.
Дави солими, ки боз номхои дигар–давидани олимпи, давидани милли хам дорад, дунёро тасхир карда, дар хама чо чун воситаи беназир нигахдори ва баркароркунии саломати, обутобёбии чисмонии хуб шинохта шудааст.

Маркази иттилооти ЧХАТ, шахри Душанбе, 16 майи соли 2021