Рӯзи сеюми Тренинги техникии панҷрӯза оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ»

0
1728

16 июн Тренинги техникӣ оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ» дар доираи Лоиҳаи «Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон (Emergency Appeal: MDR65006, Population Movement)» барои кормандони Ҷамъияти Ҳилолӣ Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) идома ёфт.

Дар рӯзи сеюм иштирокдорон ба 4 гурӯҳ ҷудо шуда, бо иҷрои машқи амалӣ тарзи дурусти ҷойгир намудани осебдидагон ва ё гурезагонро дар паноҳгоҳи башардӯстона (хаймаҳо) нишон доданд. Тренер аз намояндагии ФБҶСС ва ҲА дар Тоҷикистон Санҷай Мухерҷӣ ба гурӯҳҳо дастур дод, ки баробари дар коғаз кашидани лоиҳа дар замини ҷудошуда намунаи ҷойгир кардани хаймаҳоро барои зарардидагон пешниҳод намоянд.

Пас аз нисфирӯзӣ дар толор дар мавзӯъҳои асосҳои арзёбӣ, ҷамъоварии маълумоти ибтидоӣ қабл аз ҳозир шудан ба ҷои ҳодиса, муайян намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ, намудҳои платформаҳои системаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, гузаронидани баҳогузорӣ ба ҳодиса ва ё офати табиӣ, 3 марҳилаи баҳогузорӣ, намудҳои баҳогузорӣ, омодасозии комплекси HUMANITARIAN SHELTER (Паноҳгоҳи башардӯстона) ва ғайра маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуданд.

Ҳамин тавр, рӯзи сеюми Тренинги техникии панҷрӯза оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ», ки тибқи Нақшаи кории ДИ КМ ҶҲАТ ва бо дастгирии молиявии ФБҶСС ва ҲА ҷараён дорад, ба охир расид.