Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар муборак!

0
117

Ҳамасола санаи 8 май дар саросари кишварҳои дунё ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар эътироф гардидаааст.

Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба хотири  зодрӯзи асосгузори Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Жан Анри Дюнан, ки 8 майи соли 1828 дар шаҳри Женеваи Шветсария ба дунё омаддаст (8 майи 1828 – 30 октябри 1910) бахшида шудааст.

Соли 1863 бо ташаббуси Анри Дунан конфронси байналмилалӣ даъват карда шуд, ки он ба таъсиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх асос гузошт. Номи расмии “Салиби Сурхи Байналмилалӣ” соли 1928 дар конференсияи 13-уми байналмилалӣ дар шаҳри Гаага тасдиқ карда шуд. Рӯзи Салиби Сурх бори аввал танҳо пас аз 20 сол, дар соли 1948, ҷашн гирифта шуд. Бо гузашти вақт, номи ин рӯз тағйир ёфт ва аз соли 1984 он “Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар” номида шуд.

Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар як шабакаи глобалии башардӯстона мебошад, ки он қариб тамоми аҳолии ҷаҳонро фаро мегирад ва ба онҳое, ки дучори офатҳои табиӣ, низоъ, саломатӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ мебошанд, кӯмак мерасонад. Ҳаракат аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва 191 Ҷамъиятҳои Миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иборат аст.

Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар саросари ҷаҳон бо мақсади ташвиқ ва пешбурди амалҳои башардӯстона, ки аз ҷониби аъзоёни Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, 191 ҷамъиятхои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба зарурати ҳифзи ҳаёти инсонҳо ба ғайр аз шаъну шарафи қурбониёни ҳама гуна низоъҳои мусаллаҳона ва ҳама шароити хушунат нигаронида шудааст. Ҳафт принсипи бунёдии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки онро тамоми аъзоёни Ҳаракат эътироф намудаанд, ба мисли, башардӯстӣ, бетарафӣ, беғаразӣ, мустақилӣ, ихтиёрӣ, ягонагӣ, ҷомеъият мебошанд.

Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх аломати Салиби Сурх ва Ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмар бошанд аломати Ҳилоли Аҳмарро дар заминаи сафед истифода мебаранд, ки ҳарду аломат низ қувваи баробар доранд.

Аломати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамчун аломати ҳимоявӣ ва фарқкунанда дар Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар истифода бурда мешаванд.

Соли 2005 Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аломати иловагии – булӯри сурхро дар заминаи сафед қабул кард, ки он ба кишварҳое, ки намехоҳанд аломати Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмарро истифода баранд, бо ҳамроҳ шудан ба ин ҳаракат ва узви комилҳуқуқ шуданашон, фароҳам меоварад.

Дар Федератсияи Русия Ҷамъияти Салиби Сурх моҳи майи соли 1867 бо номи “Ҷамъияти нигоҳубини ҷангиёни маҷрӯҳ ва бемор” таъсис дода шуд. Дар соли 1918 он ба Салиби Сурхи Пролетар табдил дода шуд, дар соли 1925 Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди ҷумҳурияҳои шуравии сотсалистӣ (ИҶШС) таъсис дода шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 1927 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) таъсис дода шуд. ҶҲАТ низ яке аз аъзоёни  Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС буд.

Соли 1992 дар робита бо пошхӯрии ИҶШС санад “Дар бораи барҳам додани Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС қабул карда шуд.

Феълан дар ҷаҳон садҳо ташкилоту созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ амал мекунанд, ки самтҳои фаъолияташон дар асоси принсипҳои гуногун шакл гирифтааст. Дар ин миён метавон аз фаъолияти самарабахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба унвони як ниҳоди умумиҷумҳуриявӣ ва хайрхоҳу имдодрасон дифоъ кард. Ин ҷамъият дар саросари кишвар 2 филиали вилоятӣ (Суғд ва ВМКБ), 2 филиали минтақавӣ (Бохтар ва Кӯлоб) ва 65 филиалиҳои шаҳриву ноҳиявӣ дошта, зиёда аз 21 000 аъзо ва беш аз 12 000 волонтёр ё ихтиёрӣ дорад.

Воқеан, ҶҲАТ ҷамъияти мустақили беғаразест, ки дар амри пиёда намудани ниёзи шахсони ниёзманд ҳангоми ба мушкилиҳо мувоҷеҳшуда дар нуқоти гуногуни кишвар саҳми бориз дорад. Зеро аҳдофи калидии он ҳифзи ҳаёт, шаъну шарафи инсонҳо, бахусус доираи одамоне, ки дар пайи ҳаводиси гуногуни фавқулода ё даргириҳо осеб дидаанд, мебошад.

Бояд гуфт, ки раванди фаъолияти ибратбахши ин ниҳод далолат бар он мекунад, ки он дар саргаҳи таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ қарор дорад. Ин аст, ки пайваста барои пешгирӣ ва сабук намудани азобу шиканҷаи одамон иқдом меварзад.

Дар ин муддат ҶҲАТ корҳои зиёди назаррас ва судмандро дар мавриди дастгирии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ, гузарондани нуқтаҳои оби нӯшокӣ ба минтақаҳое, ки ба он ниёз доранд, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ ва хадамоти ҷустуҷӯ, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркида, омузиши курсҳои ёрии аввал, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва ғайраҳо ба роҳ мондааст. Дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар фаъолияти ҶҲАТ дар ҳамбастагӣ бо шариконаш дар Тоҷикистон, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иттифоқ афтода буд, асосан аз ҷониби ниҳод ба шахсони эҳтиёҷманд ёриҳои башардӯстона расонда мешуд. Дар ин муддат тақрибан ба 200 ҳазор нафар, ки маҳалли зисти доимиашонро тарк карда, ба ёриву дастгирӣ эҳтиёҷ доштанд, маводи ғизоӣ, ғайриғизоӣ ва доруворӣ дастрас гардид.

Аммо, баробари ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар ҶҲАТ ба амалӣ намудани силсилаи барномаҳои дигари башардӯстиро оғоз кард.

Дар маҷмуъ фаъолияти пурсамару некбинонаи ҶҲАТ ва рафоҳи зиндагии осебдидагони ҳаводиси гуногун қобили тавсифу арҷгузорист. Аз сӯи дигар муваффақ шудани ин ниҳод дар амри иҷрои рисолати худ дар кишвари мо нишонаи дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманди Ҳукумати мамлакат ба созмонҳову ҷамъиятҳои миллист.

Дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» дар соли 2010 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 октябри 2011 № 594 «Дар бораи тартиб, шарт ва мўҳлати гузаронидани мохвораи Ҳилоли Аҳмар» боиси дастгирии фаъолияти башардӯстона аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мансуб меёбад.

Имрўзҳо дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятӣ ва ғайрисироятӣ, расонидани ёрии аввал, кӯмакҳои иҷтимоӣ, гузаронидани нуқтаҳои оби нӯшокӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, пиронсолони яккаву танҳо, шахсони дорои маъюбиятдошта ва дигар ниёзмандони кишвар ба роҳ монда шудааст.

Танҳо дар моҳи шарифи Рамазон бо дастгирии шарикони рушд ҶҲАТ ба 7838 нафар ниёзмандони кишвар кӯмаки озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ расонид. Ҳамзамон ҶҲАТ ба зиёда аз 1540 нафар кўдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кӯмаки молиявии ҳармоҳа мерасонад.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 8 майи соли 2024