ҶҲАТ дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ ба мисли сел, лағзиши замин, хушксолӣ ва зилзилаҳо, ки мутаассифона, зуд-зуд дар Тоҷикистон рух медиҳанд, нақши калидӣ мебозад. Ҷамъият, ҳамчунин, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. ҶҲАТ дар саросари ҷумҳурӣ 69 шӯъба ва беш аз 15.000 ихтиёрӣ дорад. Дар соли 2010 Порлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни вижаи “Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон”-ро ба тасвиб расонид ва бо ин васила дорои замонатҳои давлатӣ ва афзалиятҳо будани Ҷамъиятро эътироф кард. Нақшаҳои барномавии феълии ҶҲАТ бо ҳадафҳои саросарии Федератсияи байнулмилалӣ ва Стротежии 2020 мувофиқанд. Самтҳои калидие, ки Федератсияи байнулмилалӣ дар соли 2011 дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад, аз ҷумла, сиҳҳатӣ ва беҳдоштӣ, мудирияти офатҳо, арзишҳо ва асосҳо ва тақвияти сохтории Ҷамъиятро фаро мегиранд.
ҶҲАТ бо аъзои дигари Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх, ҳамчунин, бо созмону кишварҳои ёрирасони дигар, ки бевосита ба Ҳаракат рабте надоранд, ҳамкориҳои наздик дорад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон рушд ва тақвияти шӯъбаҳои минтақавии худро идома медиҳад, то фаъолияти онон бо қишрҳо ва мардуми осебпазир муассир бошад. Ҳамчунин, кор бо аъзо ва ихтиёриён аз авлавиятҳои Ҷамъият хоҳад буд, зеро маҳз бо ёрии онҳо ҶҲАТ қодир аст, то саривақт ба чолишҳо ва имконҳои ҷаҳони зудтағйир вокуниш нишон бидиҳад.
Барномаҳо | Маблағгузор/Ҳамкор |
Шӯъбаи тиббӣ-иҷтимоӣ | |
Ҷилавгирӣ аз густариши сил/DOTS | Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) |
Ҷилавгирӣ аз густариши ВИЧ/СПИД | ФБҶ СС ва ҲА |
Об ва беҳдоштӣ | СС-и Шведсия, СС-и Норвегия, СС-и Испания |
Саломатӣ ва робитаҳои байнулмилалӣ | Вазорати умури хориҷаи Ҳолланд |
Ёрии аввал ва саломатии ҷомеа | Иттиҳоди Аврупо, СС-и Финландия |
Шӯъбаи мудирияти офатҳо | |
Омодагӣ ва вокуниш ба офат | ФБҶ СС ва ҲА, Ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Финландия, Норвегия ва Шведсия, DFID |
ДИПЕКО 6 | DG-ECHO |
Огаҳӣ аз хатароти минаҳо | Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх |
Иштироки ҷомеа дар мудирияти обхезӣ | Бонки осиёии рушд/ACTED |
Барқарор кардани робитаҳои оилавӣ | Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх |
Дастрасии амн | Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх |
Шӯъбаи рушд ва робитаҳои байнулмилалӣ | |
Тарғиби арзишҳои башардӯстӣ ва принсипҳои бунёдии Ҳаракати байнулмилалии СС ва ҲА | Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх |
Ёрии башардӯстона ва тиббӣ ба осебдидаҳои муноқишаҳо | Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх |
Марказҳои иттилоотӣ-таълимӣ барои муҳоҷирони корӣ | ФБҶ СС ва ҲА |
Барномаи ҷавонон | ФБҶ СС ва ҲА |
Рушди созмонӣ | ФБҶ СС ва ҲА |
Мусоидат ба тавлиди даромад | ҶҲАТ |
Рушди шӯъбаҳои минтақавӣ | Вазорати умури хориҷаи Ҳолланд |
Рушди аввалияи созмонӣ | Ҷамъияти Салиби Сурхи Финландия |
дуруд, ба шумо. сомонаи нав муборак!
Comments are closed.