Санаи ниҳоии Ҷаласаи оиннномавии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Женеваи Шветсария

0
1832

Имрӯз санаи ниҳоии ҷаласаҳои оинномавии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Женеваи Шветсария баргузор шуда истодааст.
Дар он намояндагони зиёда аз 171 кишвари узви Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок доранд.
Намояндагони ҳайати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфуз профессор Қурбонов Саид Сафарович, президенти ҶҲАТ роҳбарӣ намуда истодааст.
Ҳайати ҶҲАТ якчанд вохуриҳои дуҷонибаи судмандро бо ҷамъиятҳои миллии кишварҳои гуногун барпо намуд.
Ҳайати ҶҲАТ махсусан бо намояндагони ҷамъиятҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Эрон, Гвинея, Қувайт, Баҳрейн, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Молдова, Финландия, Ҳиндустон, Хитой, Зеландияи Нав, Бангладеж вохурӣ намуданд. Дар ин вохуриҳо ҷиҳати барқарор ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, дастгирии лоиҳаҳои башардӯстона ва ғайраҳо муҳокима гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки аз 19 то 21 июни соли 2022 дар шаҳри Женеваи Швейтсария 23-юмин Ассамблеяи Генералии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССҲА) баргузор гардид. Баъди он аз 22 то 23 июни соли 2022 бошад, Шӯрои вакилони Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баргузор гашта истодааст.


Нодир Аминзода, масъули Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстии ҶҲАТ, 23 июни соли 2022