Сандуқҳои хайриявӣ яке аз манбаҳои кӯмакрасонии Ҳилоли Аҳмар ба мардуми ниёзманд

0
1647

Сандуқҳои хайриявӣ яке аз манбаҳои кӯмакрасонии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Махсусан дар ҳолате, ки тамоми кишварҳои ҷаҳонро паҳншавии бемории коронавирус фаро гирифтааст ва шумораи ниёзмандон ба миқдор афзудаанд, ин яке аз роҳҳои дастгирикунандаи ниёзмандон мебошад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) низ аз ин воситаи зарурӣ истифода намуда, аз маблағҳои воридгардида ба сандуқҳои хайриявӣ ба мардуми ниёзманди кишвар, аз қабили ятимон, бепарасторон, пиронсолони яккаву танҳо, шахсони дорои маъюбиятдошта ва дигар шахсони имконияти маҳдуддошта кӯмак мерасонад. Бо ин мақсад ҶҲАТ дар мағозаву бозорҳо, дорухонаҳо ва дигар ҷойҳои серодами кишвар якқатор сандуқҳои хайриявии хешро гузоштааст.

Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд бо сарварии Парвиз Ҷабборзода дар ин самт яке аз филиалҳои фаъоли ҷамъият ба ҳисоб рафта, тавонистааст дар бисёр гӯшаҳои сераҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сандуқхои хайриявӣ гузорад.

Аз ин лиҳоз ҳар як маблағе ки шаҳрвандон ба сандуқҳои хайриявии ҶҲАТ ворид менамоянд, он ҳамчунин хайрияи онҳо ба мардуми ниёзманд буда, метавонад як фарди ниёзманди кишварро дастгирӣ намояд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 26 ноябри соли 2021