Сафари кории Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Хитой

0
318

Бо даъвати Ҷамъияти Салиби Сурхи Хитой баҳри густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафайн ва инчунин бо мақсади иштирок дар “Форуми сеюми байналмилалии башардӯстӣ”, ки дар шаҳри Суҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Хитой баргузор гардид, аз 17 то 23 ноябри соли 2023 Баҳодур Қурбониён, Котиби генералӣ ва Шуҳрат Сангов, Сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо сафари корї ба шаҳрҳои Суҷоу, Шанхай ва Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Хитой ташриф оварданд.

Зимни “Форуми сеюми байналмилалии башардӯстӣ” намояндагони Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, олимон, сиёсатмадорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар робита ба таҳдиду бӯҳронҳои ҷаҳонӣ, аз қабили  афзоиши камбизоатӣ, гуруснагӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона,  тағйирёбии иқлим ва инчунин бӯҳрони гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тағйирёбии иқлим ба равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии кишварҳо дар манотиқи гуногуни олам таъсири бевосита дорад ва яке аз нишондиҳандаҳои асосии ин падида обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Обшавии бошиддати пиряхҳои Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи форуми мазкур, рӯзи 18 ноябри соли 2023 Котиби генералии ҶҲАТ, Баҳодур Қурбониён бо Президенти Ҷамъияти Салиби Сурхи Хитой, ҷаноби Чен Чжу вохўрӣ намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди минбаъда оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дастгириҳои бевостаи Ҷамъияти Салиби Сурхи Хитой мулоқот анҷом доданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Ҷамъияти Салиби Сурхи Хитой ва филиалҳои наздисарҳадии он баррасӣ гардид.

Ҳамзамон, дар доираи сафари мазкур ҳайати кории ҶҲАТ бо ҷаноби Сун Шуопенг, Муовини Президенти Ҷамъияти Салиби Сурхи Хитой ва роҳбарони департаментҳои ҳолатҳои фавқулода ва ҳамкориҳои байналмилалии он вохӯриҳои корӣ баргузор намуданд.

Бо мақсади шиносоӣ бо кор ва фаъолияти сохторҳои зертобеи Ҷамъияти Салиби Сурхи Хитой аз филиалҳои он дар шаҳрҳои Шанхай ва Урумчӣ боздид намуда, бо роҳбарият ва кормандони филиалҳои мазкур вохӯриҳои корӣ анҷом доданд ва баҳри густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар сатҳи филиалҳои ду ҷамъият гуфтушунидҳои муфид баргузор намуда, барои тадбирҳои минбаъда замина гузоштанд.