13 июли соли 2021 намояндаи рушди Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурхва Ҳилоли Аҳмар (ФБЧССХА) Пол Давенпорт дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) Шумқоров Муноҷот ва Нодир Аминзода ҷиҳати шиносоӣ ба бахши ҶҲАТ дар шаҳри Данғара ташриф намуд.
Зимни сафари корӣ Пол Давенпорт бо котиби иҷроия ва волонтёрони бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Данғараи минтақаи Кулоб вохурӣ намуда, аз кору фаъолияти ин бахш аз наздик шинос шуд.
Баъди вохурӣ намояндаи ФБЧССХА Пол Давенпорт ба роҳбарияти бахши ҶҲАТ дар шаҳри Данғара барои пешравии фаъолияти ин бахш таклифу пешниҳодҳои муфид намуд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 14 июни соли 2021