Дар рӯзҳои 26-27 июли соли 2023 дар маҷлисгоҳи ба номи Анри Дюнани Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) тибқи нақшаи амалии фаъолиятҳои лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ”-и барномаи ЕСНО-РРР” семинари дурӯза дар мавзӯи “Баррасии миёнамуҳлати омодагии ҶҲАТ ба расонидани кӯмаки нақдию ваучерӣ” баргузор гардид.
Семинарро Котиби генералии ҶҲАТ, мӯҳтарам Қурбониён Б.Б. оғоз намуда, иштирокчиёнро пазируфтанд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, роҳбари ташуклот дар бобати анҷоми соли аввали ва рафти амалишавии лоиҳаи фавқуззикр давоми беш як сол сухан карданд.
Иштрокчиён бо ҳадафи ташкил ва гузаронидани тренинги мазкур шиносонида шуданд. Чорабиниӣ аз ҷониби тренерон аз Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Муса Шифаз (ш. Женева, Швейтсария) ва Марчин Подлесний (ш. Будапешт, Маҷористон) бомувафаққият гузаронида шуд.
Дар идома тренерон тибқи барнома доири мавзӯъҳои сатҳи омодагии ҶҲАТ ба расонидани кӯмаки нақдию ваучерӣ ва инчунин арзёбӣ/таҳлили пешрафти иқтидор ва омодагии ҶҲАТ дар расонидани кӯмаки нақдию ваучерӣ сухан карда, ҳангоми баррасии масъалаҳо фикру андешаҳои иштирокчиёнро ба инобат гирифтанд.
Барои мустаҳкам намудани донишу маълумоти гирифташуда дар байни иштирокчиён кори амалӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рӯзи дуюми тренинг (27 июл) аз тарафи мутахассисони шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ДИ КМ ҶҲАТ Нақшаи амал ва муайянкунии афзалиятҳои фаъолияти ҶҲАТ дар масъалаи саривақт ва тарзи дурусти расонидани кӯмаки нақдию ваучерӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифт.
Дар ин самт вохӯрии намояндагони ҶҲАТ ва ФБҶССҲА доир гардид, ки дар ин нишаст презентатсияи таҷдидгардидаи Нақшаи амал барои роҳбарияти ҶҲАТ омода ва пешниҳод гардид.