Шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон” (EMERGENCY APPEAL: MDR65006), ки аз ҷониби Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар маблағгузорӣ мешавад, дар таърихи 8-10-уми ноябри соли 2022 дар меҳмонхонаи “Сафо” -и шаҳри Душанбе семинари машваратии серӯза дар мавзӯи “Бозбинии нақшаи миллии эҳтиётии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2019-2023” баргузор кард.
Дар семинари мазкур намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷумла Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Комисари олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба паноҳандагон ва намоянди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозони марказҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ дар вилояти Суғд, ВМКБ минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Рашт иштирок намуданд.
Оид ба мавзӯъҳои муҳиму саривақтии семинар намоянда (делегат)-и Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои СС ва ҲА Небойша Медойевич дар бораи тарзи таҳияи нақшаи эҳтиётӣ барои ҳолатҳои гуногун маълумоти муфассал пешниҳод намуда, қисми назарявиро бо амалия мустаҳкам намуд.
Иштирокдорони семинар дар рафти корҳои гурӯҳӣ фаъолона ширкат намуда, фикру андешаҳои худро доир ба мавзӯъҳои он баён намуданд.
Дар анҷоми семинар иштирокчиён Нақшаи миллии эҳтиётии ҶҲАТ-ро бозбинӣ намуданд.