Семинари муфид барои кормандони ҶҲАТ

0
1727

Имрӯз, 28 октябри соли 2019 дар толори Меҳмонхонаи “Тавҳид”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарону кормандони Кумитаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бахшҳои шаҳру навоҳии Панҷакент, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич Семинари омӯзишии панҷрӯза барои гурӯҳи миллии вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода ба кори худ шурӯъ намуд.

Семинарро Котиби иҷроияи Кумитаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷабборзода П.А. ва намояндаи Салиби Сурхи Олмон дар вилояти Суғд Парвиз Маҳмудов ифтитоҳ намуда, дар бобати ҳадафи ташкил ва баргузории семинари мазкур сухан гуфтанд.

Семинар то ба санаи 31-уми октябр идома ёфта, дар рафти кори он баҳри иштирокчиён бори дигар оид ба мавзӯъҳои муҳим барои кормандони ҶҲАТ ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода маълумотҳои саривақтӣ ва манфиатовар пешниҳод карда мешаванд.

Дар рӯзи аввали семинар оид ба роҳу усул ва тарзи дурусти расонидани “Ёрии аввали тодухтурӣ” ба зарардидагону ҷабрдидагони офатҳои табиӣ маслиҳату тавсияҳои зарурӣ пешкаш гардиданд.

Бояд гуфт, ки Семинари панҷрӯза дар доираи Лоиҳаи “Саҳм ба қавигардонии зарфият ва бештар намудани устувории сохторҳои Ҳилоли Аҳмар ва ҷомеаҳои фарогирифташуда дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ дар кишварҳои интихобшудаи Осиёи Марказӣ (байнисарҳадӣ)” бо дастгирӣ ва маблағгузории Салиби Сурхи Олмон баргузор мегардад.