23-24 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хӯҷанди вилояти Суғд семинари омӯзишии мукаддимавӣ бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баргузор мегардад. Дар ин семинар 18 нафар роҳбарон ва 18 нафар котибони иҷроияи 18 бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кормандони бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабинӣ – ин баланд бардоштани иқтидори бахшҳои ҶҲАТ мебошад.
Чорабиниро Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии ҶҲАТ, Пол Давенпорт, намояндаи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Парвиз Ҷабборзода, котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, Нодир Аминзода, масъули Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, коммуникатсия ва фондрайзигн баромад намуд.
Дар давоми семинар ҳамчунин, Муноҷот Шумқоров, сардори шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ва Пол Давенпорт, намояндаи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳо намуданд.
Кор дар гуруҳҳо ва саҳнаҳои гурӯҳи аз ҷониби иштирокчиён бисёр ҷолибанд.
Яке аз иштирокчиёни ин семинар Маҳмадсалим Шарифов, котиби иҷрояи бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иброз намуд, ки иштирок дар ин чорабинӣ ба ӯ имкон дод, ки дониши худро оид ба Ҳаракат ва ҶХАТ мустаҳкам намуда, аз таҷрибаи хуби дигар Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари дигар кишварҳо истифода бурда, дар бахши худ корҳои каммасраф ва ройгонро барои аҳолӣ ба роҳ монад. Махсусан дар ҷойҳои сераҳолии ноҳия дар ояндаи наздик барқарор намудани гӯшаҳои хайриявӣ ва ташкили рӯзҳои тогагии гирду атроф ба ӯ бисёр муҳим аст.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Хӯҷанд, 23 ноябри соли 2021