11-12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон семинари омузишии мукаддимавӣ бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баргузор гардид. Дар ин семинар 10 нафар роҳбарон ва 10 нафар котибони иҷроияи 10 бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва кормандони бахши минтақавӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабинӣ – ин баланд бардоштани иқтидори ҶҲАТ ва сохтори он буд.
Чорабиниро Нуралӣ Одинаев, ёрдамчии Котиби генералии ҶҲАТ ва Сатторов Тоҷиддин, котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, Нодир Аминзода, масъули Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, коммуникатсия ва фондрайзигн баромад намуд.
Дар давоми семинар ҳамчунин, Муноҷот Шумқоров, сардори шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ва Пол Давенпорт, намояндаи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳо намуданд.
Кор дар гуруҳҳо ва саҳнаҳои гурӯҳи аз ҷониби иштирокчиён бисёр ҷолиб буданд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Кӯлоб, 12 ноябри соли 2021