08-09 ноябри соли 2021 дар толори бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон семинари омузишии мукаддимавӣ бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баргузор гардид. Дар ин семинар 15 нафар роҳбарон ва 15 нафар котибони иҷроияи 15 бахшҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва кормандони бахши минтақавӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабинӣ – ин баланд бардоштани иқтидори ҶҲАТ ва сохтори он буд.
Чорабиниро Абдуҷаббор Ҳотамов, котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Нодир Аминзода, масъули Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, коммуникатсия ва фондрайзигн баромад намуд.
Дар давоми семинар ҳамчунин, Муноҷот Шумқоров, сардори шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ва Пол Давенпорт, намояндаи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳо намуданд.
Кор дар гуруҳҳо ва саҳнаҳои гурӯҳи аз ҷониби иштирокчиён бисёр ҷолиб буданд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Бохтар, 09 ноябри соли 2021