Семинари омузишӣ дар ноҳияи Ҷайҳун

0
1905

16-17 марти соли 2022 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар доираи лоиҳаи “Кӯмак ба муҳоҷирони Афғонистон” бо дастгирии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар семинари омузишӣ барои волонтёрони нави филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин семинар 20 нафар волонтёрони нав, роҳбари филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва намояндаи филиали ҶХАТ дар минтақаи Бохтар иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабинӣ – ин омузонидани волонтёрони нав оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, дастрасии бехатар, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода буд.
Дар чорабинӣ намояндагони ҶҲАТ аз Кумитаи марказии ҶҲАТ Нодир Аминзода, Пайрав Имомов ва Умед Сайдуниев оид ба мавзухои гуногун баромад намуда, ҳамчунин корҳои амалӣ бо волонтёрон гузаронида шуд.
Кор дар гуруҳҳо ва саҳнаҳои гурӯҳи аз ҷониби иштирокчиён бисёр ҷолиб буданд.


Маркази иттилооти ҶҲАТ, ноҳияи Ҷайҳун, 17 марти соли 2022