21-22 декабри соли 2021 дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”-и шаҳри Ҳисор семинари омӯзишии мукаддимавӣ бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баргузор мегардад. Дар ин семинар 14 нафар роҳбарон ва 14 нафар котибони иҷроияи 14 бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабинӣ – ин баланд бардоштани иқтидори бахшҳои ҶҲАТ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чорабиниро Афзалшоҳ Мардонов, раиси бахши ҶҲАТ дар шаҳри Ҳисор, Пол Давенпорт, намояндаи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, Нодир Аминзода, масъули Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, коммуникатсия ва фондрайзигн баромад намуд.
Дар давоми семинар ҳамчунин, Муноҷот Шумқоров, сардори шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Пол Давенпорт, намояндаи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуданд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Ҳисор, 22декабри соли 2021