Семинари омӯзишӣ ва таҳияи нақшаи омодагӣ барои ҳолатҳои фавқулодда дар муассисаҳои таълимии миёнаи умуии №21 ва №12 ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ

0
630

Баъди мувофиқа бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ фаъолиятҳои   лоиҳаи “Ташаккули қобилияти устувории кудакон ва ҷавонон дар Тоҷикистон ба офатҳои табии ва тағйирёбии иқлим тавассути тадбирҳои коҳиши хавфи офатҳои табии ба кудакон нигаронидашуда ва бехатарии мактабҳо”, ки аз ҷониби Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи оҷонсии ИМА маблағгузорӣ карда мешавад ва дар ҳамоҳангӣ бо Хазинаи Кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои мавриди ҳадаф дар ВМКБ аз сар гирифта шуданд.

Дар таърихи  25 феврал то 3 марти соли 2023 бо мақсади идомаи фаъолиятҳои лоиҳаи мазкур, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ВМКБ дар мувофиқа бо макомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ, макомоти иҷроияи маҳалии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқальа, шуьбаи маорифи ноҳхияи Рошткальа ва КҲФ нохия, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Медони ҷамоати деҳоти Роштқальа ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12-и дехаи Лангари ҷамоати деҳоти Тусиёни  ноҳияи Роштқала, барои 60 нафар шунаванда, аз қабили  омузгорон, хонандагон-аъзоёни гурӯҳи идоракунии офатҳои табии муассисаҳои мазкур омузиши дурузаро  оиди  боло бурдани тавоноии хонандагони мактабҳо  оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, обу беҳдоштӣ  баргузор намуд. Инчунин дар муассисаҳои таълимии мазкур, нақшаи омодагии ин муассисаҳои таълимӣ ба ҳолатҳои фавқулодда тахҳия ва тасдиқ карда шуд.

Рафти омузиш ва чорабини оиди тасдиқи нақшаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба ҳолатҳои фавқулодда аз шиносои бо ширкаткунандагон оғоз гардид ва дар рафти он таъсироти пайвастаи офатҳои табиӣ ба минтақаҳои Тоқикистон, ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирихои оилаҳои аз офати табии зарардида барои ширкаткунандагон ба таври мухтасар фаҳмонида шуд.

Сипас, тибқи презентатсияҳои содда ва  мухтасар барои ширкаткунандагон мавзуъҳои вобаста ба таърихи пайдоиши ҳаракати байналмилалии Ҷамъиятҳхои Салиби Сурх ва Ҳилоли ҳхмар, фаъолияти кунунии ҶҲАТ дар ВМКБ,  вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва масьалахои обу бехдоштӣ баррасӣ гардиданд.

Дар якчоягӣ бо ширкаткунандагон ва омӯзгорони муассисаҳои мазкур нақшаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба ҳолатхои фавқулоддаи ҳар як муассиса баррасӣ ва таҳия карда шуд. Дар асоси он қоидахои оддитарини рафтори омузгорон ва хонандагон дар вакти сар задани ягон офати табии таҳия карда шуданд ва инчунин дар охир барои омузгорон нақшаи муайяни фаъолият бо хонандагон таҳия карда шуд.