Бо мақсади тақвият додани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус, дирӯз (16.06 2020) дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он волонтёрони Ҷамъият аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд. Дар семинар Сураё Анварова-мудири шуъбаи масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ ва берунии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ, дар робита ба тарзу усулҳои риояи гигиенаи шахсӣ, фосилагирии иҷтимоӣ, истифодаи дурусти ниқоб, қоидаҳои муошират миёни шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва доир ба дигар масъалаҳои марбут ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус бо волонтёрон табодули назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин шабурӯз беш аз ҳазор волонтёри Ҷамъият дар шаҳру навоҳии кишвар миёни аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавирус корҳои тарғиботиро ба роҳ монда, варақаҳои иттилоотӣ тақсим менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳамзамон аз ҷониби Ҷамъият ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустӣ кӯмакҳои башардўстона расонида мешавад.