Семинари омӯзишӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар ноҳияи Муминобод

0
420

Имрӯз, яъне 17 августи соли 2023 аз ҷониби филиали ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар деҳаи Геши ҷамоати Нуралишо Назари ноҳияи Муминобод барои 20 нафар шунаванда, аз қабили  омузгорон, кормандони тиб, хонандагон-аъзоёни гурӯҳи идоракунии офатҳои табиӣ семинари омӯзишӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Рафти чорабинӣ аз шиносои бо иштирокчиён оғоз гардид ва дар рафти он таъсироти пайвастаи офатҳои табиӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон ба таври мухтасар фаҳмонида шуд.

Сипас, тибқи презентатсияҳои содда ва  мухтасаркардашуда барои иштирокчиён мавзуъҳои вобаста ба таърихи пайдоиши ҳаракати байналмилалии Ҷамъиятҳхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, фаъолияти кунунии ҶҲАТ,  вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.