Семинари омӯзишӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

0
385

Имрӯз, яъне 26 сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22, деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз ҷониби филиали ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон барои 20 нафар шунаванда, аз қабили  омузгорон, кормандони тиб, хонандагон-аъзоёни гурӯҳи идоракунии офатҳои табиӣ семинари омӯзишӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Рафти чорабинӣ аз шиносои бо иштирокчиён оғоз гардид ва дар рафти он таъсироти пайвастаи офатҳои табиӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон ба таври мухтасар фаҳмонида шуд.

Сипас, тибқи презентатсияҳои содда ва  мухтасаркардашуда барои иштирокчиён мавзуъҳои вобаста ба таърихи пайдоиши ҳаракати байналмилалии Ҷамъиятҳхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, фаъолияти кунунии ҶҲАТ,  вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.