Семинари омӯзишӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар ноҳияи Восеъ

0
433

Баъди мувофиқа бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва Муминобод фаъолиятҳои лоиҳаи “Дастгирии коҳиши хавфи ҳолатҳои фавқулодда” ки бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкориҳо дар Аврупо (САҲА) дар ноҳияҳои Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва Муминободи вилояти Хатлон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) амалӣ мегардад, оғоз гардид.

Имрӯз, яъне 26 июли соли 2023 аз ҷониби филиали ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар деҳаи Пушиёни ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ барои 20 нафар шунаванда, аз қабили  омузгорон, хонандагон-аъзоёни гурӯҳи идоракунии офатҳои табиӣ оид ба боло бурдани дониши иштирокчиён доир ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Рафти омузиш ва чорабинӣ аз шиносои бо иштирокчиён оғоз гардид ва дар рафти он таъсироти пайвастаи офатҳои табиӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон ба таври мухтасар фаҳмонида шуд.

Сипас, тибқи презентатсияҳои содда ва  мухтасар барои ширкаткунандагон мавзуъҳои вобаста ба таърихи пайдоиши ҳаракати байналмилалии Ҷамъиятҳхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, фаъолияти кунунии ҶҲАТ,  вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.