4-5 ноябри соли 2022 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ барои омӯзгорони фанҳои таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Ин семинар аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамбастагӣ бо Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон ташкил карда мешавад.
Чорабиниро роҳбари филиали ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоб ва намояндаи КБСС дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолитяи ҶҲАТ, принсипҳо ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳо намуд.
Сипас, Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии КБСС оид ба мавзуҳои гуногуни ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ баромадҳо намуд.