01-02 ноябри соли 2022 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ барои омӯзгорони фанҳои таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Ин семинар аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамбастагӣ бо Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон ташкил карда мешавад.
Чорабиниро намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон, роҳбари филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар ва намояндаи КБСС дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳусти ифтитоҳ бахшиданд.
Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолитяи ҶҲАТ, принсипҳо ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳо намуд.
Сипас, Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии КБСС оид ба мавзуҳои гуногуни ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ баромадҳо намуд.