Семинар дар мавзӯи “Қонунгузории байналмилалӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода”

0
822

12-13 декабри соли равон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) дар меҳмонхонаи “Серена” воқеъ дар шаҳри Душанбе семинари якунимурзаи худро дар мавзӯӣ “Қонунгузории байналмилалӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода” баргузор намуд. Дар маросими ифтитоҳи семинар Котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Б.Б. суханронӣ намуда, иштирокчиёни семинарро истиқбол намуд. Дар семинари мазкур хонум Паулина Каспеллан, мутахассис оид ба қонун дар бораи ҳолатҳои фавқулода, аз дафтари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Осиёи Марказӣ, хонум Ҷой Мюллер, намояндаи ФБҶ СС ва ҲА оид ба дипломатияи башардӯстона дар Осиёи Марказӣ, намояндагони як қатор вазорату кумитаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Маркази Миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, қушунҳои сарҳадии КДАМ, Кумитаи андози ҶТ, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ЮНИСЕФ, намояндаи Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ, намояндаи Салиби Сурхи Олмон ва кормандони шӯъбаи ҲФ ҶҲАТ иштирок намуданд.
Дар семинари мазкур мавзӯъҳои шиносоӣ бо қонун дар бораи ҳолатҳои фавқулода, қонун дар бораи ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, фаъолияти ҶҲАТ оид ба тағйирёбии иқлим ва нақши ёрирасони он, қонунҳо дар бораи тағйирёбии иқлим бо истифода аз усулҳои замонавӣ, омодагӣ ва вокуниши маҳаллӣ ба ҳолатҳои фавқулода, қонунгузориҳо, тандурустӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, қонун дар бораи ҳолатҳои фавқулода дар сатҳи байналмилалӣ, таҳияи бандҳои дахлдор оид ба ҳифзи одамон дар давраи офатҳои табиӣ ба иштирокчиён ироа гардиданд.