Семинар дар мавзӯъи “Арзёбии мукаммали осебпазирӣ ва иқтидор” (eVCA)

0
692

Санаҳои 29, 30 ва 31-уми августи соли 2022 дар толори Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, семинар оид ба “Коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи маҳал ва арзёбии мукаммали осебпазирӣ ва иқтидор” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур тибқи лоиҳаи муштараки «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ», ки аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон амалӣ меёбад, аз тарафи Сарраёсати дафтари башардӯстонаи Созмони Аврупо (DG ECHO) маблағгузорӣ карда мешавад. Шарикони асосии ин лоиҳа Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурхи Олмон, Салиби Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Италия мебошанд.

Дар семинари мазкур кормандон ва дастурдиҳандагони санитарии лоиҳа аз 7 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд: Исфара, Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Ашт иштирок намуданд. Мақсади асосии чорабинии мазкур, омӯзиш ва тарзи гузаронидани арзёбии мукаммали осебпазирӣ ва иқтидор (eVCA) дар сатҳи маҳал мебошад. Дар нақша аст, ки кормандони лоиҳа бо истифода аз ин методология, дар 21 деҳаи мақсадноки интихобшуда, арзёбии осебпазирӣ ва иқтидори маҳалро мегузаронанд.