Аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо дастгирии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, санаҳои 2-3 июни соли 2020 ба 260 оилаҳои ноҳияи Хуросон, ки дар натиҷаи офати табиӣ, яъне обхезии моҳи майи соли равон зарар дида буданд, кумакҳои ғайрихӯрока дастрас карда шуданд. Ҳамин тавр, 6 оилаи шаҳри Ваҳдат, низ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, ба кумак фаро гирифта шуданд.
Санаи 20 июни соли 2020 дар марҳилаи дуюми тақсимоти кумакҳо боз 78 оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон фаро гирифта шуданд.
Кумакҳои зикргардида, аз 338 бастаи маводи ғайрихӯрокворӣ, аз ҷумла, 1690 адад бистар, 1690 адад болишт, 1690 адад кампал, 1690 адад рахти хоб, 676 адад бел, 676 адад каланд, 338 адад сатили пластикӣ, 338 бастаҳои абзори ошхона, аз қабили кафлез, обгардон, косаи калон ва хурд, қошуқ, чангак, дўлча, ҷом ва 338 бастаҳои беҳдоштӣ, ба монанди сачоқ, собун, хамираи дандоншўӣ, хокаи ҷомашўӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, маводи беҳдоштии шахсии занона, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, коғази ташноб ва ғайраҳоро ташкил намуданд.
Дар доираи кумакҳои мазкур оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дида, манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, фаро гирифта шуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Ҷамъият бо дастгирии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар доираи лоиҳаи мазкур иловатан ба кумакҳои ғайрихӯрока ба 72 оилаҳое, ки хонаҳои худро дар натиҷаи офати табиӣ пурра аз даст додаанд, ба миқдори 150 франки швейтсарӣ тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт (1598,73 сомонӣ) ёрии яквақта расонида шудааст.
Расмиёти дастрас намудани кумакҳои башардўстона ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бо иштироки намояндагони ваколатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон амалӣ карда шуданд.
Тибқи нақшаи кории фонди мазкур санаҳои 25-26 августи соли 2020, дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки роҳбарият ва кормандони шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказӣ, котибони иҷроия ва волонтёрони бахшҳои ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, аъзоёни ГМВҲФ-и минтақавӣ, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, раисони маҳалаҳои осебдида ва баҳрагирандагон, семинар-машварат оид ба сабақҳои омӯхташуда ва натиҷагирии фаъолияти ҶҲАТ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур фаъолияти ҶҲАТ, монеаҳо ва мушкилотҳо ҳангоми иҷрои амалиёт, баҳогузорӣ – намуна ва василаҳо, ҳамкорӣ бо ҷонибҳои мутаваҷҷеҳ ва намояндагони ҷамоатҳо (баҳрагирандаҳо), интихоби онҳо, сабти ном, тақсими маводҳои ғайрихӯрока ва кумаки яквақтинаи пулӣ, баррасӣ гардиданд.
Дар рафти семинар муайян кардани афзалиятҳо ва инчунин камбудиҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо дар оянда мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар ин амали хайр ҳозирин баҳои баланд дода, шаффофият ва сифатнок анҷом ёфтани раванди тақсимоти кумаки хайриявии мазкурро тасдиқ намуданд.
Асосӣ ОМОДАГӢ ВА ВОКУНИШ БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА Семинар-машварат оид ба сабақҳои омӯхташуда дар доираи Бунёди вижаи вокуниш ба...