Тибқи нақшаи кории шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои соли 2020, санаи 27 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода, дар меҳмонхонаи «Ширкент» семинар-машварат оид ба таҷдиди назар намудани «Нақшаи миллии эҳтиётии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2019-2023» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, сардорон ва кормандони шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказӣ, ҳамоҳангсозони марказҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, намояндагони Салиби Сурхи Олмон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуданд.
Дар рафти нишаст пешрафтҳои бадастовардаи Ҷамъият дар самти омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, таҳлили вазъият дар соҳаи офатҳои табиӣ дар минтақаҳои осебпазири мамлакат баррасӣ гардид, ки дар давраи солҳои 2019-2020 ба вуқӯъ омадаанд. Ғайр аз ин, дар рафти он ҷанбаҳои қавӣ ва заифи раванди идоракунии хавф дар Ҷамъият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тавсиф карда шуда, ба методҳои омодагӣ ва вокуниш ба офатҳо дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамчунин бар асоси мушкилиҳои вуҷуддошта мақсад ва вазифаҳо оид ба идоракунии хавфи офатҳо барои солҳои минбаъда, муайян карда шуданд.
Нақшаи миллии эҳтиётии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2019-2023 бо дарназардошти таҷрибаи кории омўхташуда аз нақшаи қаблии миллӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, тибқи равишњои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла заминаи мушкилоти тағйирёбии иқлим таҷдиди назар карда шуда, дар таҳрири нав омода гардидааст.
Самтҳои афзалиятноки нақшаи мазкур дар асоси Оинномаи ҶҲАТ, Стратегияи рушди ҶҲАТ ва Стратегияи ҶҲАТ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2020-2024, инчунин, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 муайян гардида, бо мақсади амалигардонии он санадҳои мазкур ба роҳбарӣ гирифта шудаанд.
Ин нақша дар ҷараёни музокира ва машваратҳои бардавом бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон, шарикони рушд, котиботи гурӯҳи РЕАКТ ва дар ҳамкориву ҳамоҳангсозии зич бо муҳимтарин шарикони ҷонибдори соҳаи коҳиши хавфи офатҳо, тартиб дода шудааст.
Нақшаи захиравӣ ҳуҷҷати корие мебошад, ки дар дохили худ механизмҳои мавҷудбуда оид ба вокуниш дар мамлакат ҳангоми ҳаргуна навъи офатҳоро, инчунин, чораҳои стандартии амалиёт ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаро дар бар мегирад.
Нақшаи эҳтиётӣ низомҳои миллии ҷорирро оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ ва механизмҳои ҶҲАТ инъикос мекунад. Ҳуҷҷати мазкур бояд ҳар ду сол бо назардошти тағйир ёфтани имкониятҳои ҶҲАТ ва тағйироти ҳамоҳангсозии байниидоравии механизмҳои ташкилотҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, дар сатҳи миллӣ таҷдиди назар карда шавад.
Ҳамзамон, ҶҲАТ лоиҳаи «Амал дар асоси пешгӯи» -ро амалӣ намуда истодааст, ки тибқи протоколҳои амалҳои қаблӣ метавонад механизми вокуниши қаблиро дар асоси пешгӯиҳои гидрометеорологӣ роҳандозӣ намояд. Шарикони асосии лоиҳаи мазкур Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Протоколҳои амалҳои қаблӣ дар асоси пешгӯиҳо аз ҷониби ҶҲАТ таҳия ва Котиботи ФБҶ СС ва ҲА дар Женева тасдиқ карда мешаванд. Чунин амалҳо дар асоси пешгӯиҳо барои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода равона карда шудаанд. Ҳуҷҷати тасдиқгардида аз ҷониби Котиботи ФБҶ СС ва ҲА дар Женева ба ҶҲАТ ҳуқуқи фавран гирифтани маблағҳои барои вокуниши пешакӣ ва расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолӣ пешбинишудаи пеш аз офатро медиҳад.
ҶҲАТ фаъолияти худро оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо мақсади паст кардани шиддати оқибатҳои офатҳои табиӣ ва баланд бардоштани имконияти вокуниши саривақтӣ амалӣ намуда, ба Ҳукумат ва мақомотҳои дахлдори давлатӣ дар фаъолияти башардӯстона нақши ёрирасониро ба анҷом мерасонад.
Асосӣ ОМОДАГӢ ВА ВОКУНИШ БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА Семинар-машварат оид ба таҷдиди назар намудани «Нақшаи миллии эҳтиётии ҶҲАТ оид ба...