Семинар оид ба арзёбӣ ва таҳлили иқтидори ташкилотии филиал – BOCA

0
530

Дар рӯзҳои 23-24 октябри соли 2023 дар доираи Лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ (ЕСНО-РРР)” дар толори дафтари филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинари дурӯза оид ба масъалаҳо ва усули нави гузаронидани арзёбӣ ва таҳлили иқтидори ташкилотии филиал (ВОСА – Branch Organizational Capacity Assessment), ки аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои аъзо-ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари федератсияи номбаршуда таҳия ва омода шудааст, баргузор гардид. Дар кори семинар ғайр аз иштирокчиён намояндагони Кумитаи марказии ҶҲАТ аз ш. Душанбе, намояндаи Салиби Сурхи Олмон дар вилояти Суғд иштирок намуданд. Семинари мазкур аз ҷониби тренери дорои дараҷаи байналмилалӣ аз Кумитаи марказии ҶҲАТ бо истифода аз методология, васоит ва усулҳои муосир гузаронида шуд.

Презентатсияҳои семинар аз барномаи фаъолият ва стратегияи рушди Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд шуруъ гардида, тренер ва фасилитаторҳо диққату таваҷӯҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои воситаи таҳлили иқтидори ташкилотии филиал (ВОСА), кор бо матритсаи таҳлили иқтидори ташкилотии филиал, таҳлили натиҷаҳои матритсаи иқтидори ташкилотии филиал, ҷустуҷӯи мувофиқат/розигӣ (консенсус), тарзи дурусти авлавиятбандии самтҳои рушди филиал бо намоиши слайдҳо маълумоти муфассал ҷалб намуданд.

Дар доираи семинар бо мақсади мустаҳкам намудани донишу маълумоти азхудкардашуда, дар байни иштирокчиён машқҳои гурӯҳӣ гузаронида шуданд. Дар хотима натиҷаҳои ниҳоии самтҳои гуногуни рушди филиал дар мисоли филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар матритсаи дар рӯи банери қаблан омодакардашуда сабт карда шуданд.

Дар натиҷаи семинари гузаронидашуда иштирокчиён бо воситаи муосири таҳлили иқтидори ташкилотии филиал (ВОСА) пурра ошно гардида, онҳо матритсаи таҳлили иқтидори ташкилотии филиал ва таҳлили онро, ҷустуҷӯи мувофиқат/розигӣ (консенсус), тарзи дурусти авлавиятбандии самтҳои рушди филиал бо истфидоа аз аёнияти гуногун батафсил аз худ карданд.

Иштирокчиёни семинар ба ин воситаи арзёбии иноватсионӣ диққати махсус дода, арз карданд, ки баъд баргаштан иқтидори ташкилотии филиалҳои худро бо истифода аз ин воситаи муосир барои муайян сохтани ҷанбаҳои қавӣ ва заиф арзёбӣ ва таҳлил мекунанд.