Семинар оид ба коммуникатсия ва кор бо расонаҳо дар вилояти Суғд

0
65

12 декабри соли 2024 аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамбастагӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд семинари яккрӯза оид ба коммуникатсия ва кор бо расонаҳо баргузор гардид.

Чорабиниро Файзализода Нурулло, муовини якуми Котиби генералии ҶҲАТ ва намояндагони КБСС ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии инсондустии ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҶҲАТ баромад намуд.

Сипас, Мавзуна Мирзоева, масъули иттилооти КБСС оид ба Коммуникатсия, зарурияти он, воситаҳои асосии коммуникатсия, кор бо расонаҳо дар ҳолатҳои фавқулода баромад намуд.

Ҳамчунин, Рустамбек Аҳмадов дар бораи истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва қоидаҳои аксбардорӣ баромад намуд.

Дар ин чорабинӣ кормандон ва волонтерони филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳри Хуҷанд, шаҳри Исфара, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд иштирок намуданд.