Суистифода аз аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

0
2017

Имрўзҳо дар якқатор шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва ҳатто дар машруботи спиртӣ истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дида мешаванд.
Ҳарчанд аз ҷониби кормандони масъули Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмаои Тоҷикистон дар байни аҳолӣ ва махсусан дар муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд, вале то ҳол суистифода аз ин аломатҳо дар назар аст.
Мақсад аз суистифодаи ин аломатҳо диққати харидоронро ҷалб намудан аст, мегўяд яке аз фурушандаи дорухона дар шаҳри Душанбе.
Чунин суистифодабариҳо аз аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар баъзе аз дорухонаҳо ва муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар ҶДММ «Диамед», «Сифат фарма», «Аптека – плюс» ва ўайраҳо низ дида мешаванд.
ИСТИФОДАБАРИИ АЛОМАТҲО
Аломатҳо бо ду мақсад истифода бурда мешаванд:
Аломати муҳофизатӣ. Аломат ҳамчун нишони муҳофизаткунанда дар давраи низои мусаллаҳона, ҳамчунин дар мавридҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст.
Дар замони осоишта барои ишорат кардани ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ, ки бинобар бо кўмак расонидан ба маҷрӯҳон ва беморон аз ҳимояи махсус бархурдоранд, истифода бурда мешавад. Аломате, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, бояд аз рӯи имкон андозаи калон дошта бошад, то ки аз масофаи хеле дур дида шинохтани он мумкин гардад.
Аломати фарқкунанда. Аломате, ки ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда мешавад, нишон медиҳад, ки шахс ё объект ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар вобастаанд ва дар ин ҳолат аломат бояд андозаи хурдтар дошта бошад.
МАҚСАДИ АЛОМАТҲО
Мақсади аломатҳои Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар ва Булури Сурх – ин муҳофизат кардани захмиён, беморон ва онҳое, ки бетарафона ва беғаразона ба маҷруҳон ғамхорӣ менамоянд.
Аломатҳои Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар ва Булури Сурх маънои якхела доранд. Ҳамаи ин аломатҳо мутобиқи қонуни байналмилалӣ ва миллӣ мавқеи баробарро доранд.
Ҳамин тавр, шумо метавонед аъзоёни Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар дигар кишварҳо бинед, ки аломати Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар ва Булури Сурхро истифода мебаранд.
Ҳуқуқи истифодаи аломати Ҳилоли Аҳмарро доранд:
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2001 таҳти №26, ҳуқуқи истифодаи аломати Ҳилоли Аҳмарро доранд:
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишора намудани ҳайати кормандони тиббии худ.
Созмонҳое, ки бе иҷозат ҳуқуқи истифода аз аломатро доранд:
– Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх;
– Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мутобиқи муоҳидаҳои Женева ва Протоколҳои иловагии он, ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар давраи ҳангоми амалӣ намудани тамоми шаклҳои фаъолияти худ аломатро бе иҷозат истифода мебаранд.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои истифодабарии ѓайриқонунии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар
Мутобиқи моддаи 333 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Истифодаи ғайриқонунии аломату нишонҳои тафриқаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад”.
Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқи башар, дар ҷараёни низои мусаллаҳона Мутобиқи қисми 1, моддаи 403 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Аҳдшиканона истифода бурдани нишонаҳои фарқкунандаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва дигар нишонаҳои ҳимоявӣ ва бонгҳое (ишоратҳое), ки мутобиқи ҳуқуқи байналхалқии башар эътироф шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад”.
Кадом аломатҳо барои муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд?
Мутобиқи Фармони Вазорати тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 14 маи соли 2003 «Оиди тасдиқи аломатҳои тасдиқкунанда барои муас-сисаҳои тиббӣ ва дорусозӣ, ки хизмати пулакӣ мерасонанд» дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ ва фармасевтӣ, ки хизмати пулақӣ мерасонанд, аломати мор ва ҷом истифода бурда мешаванд.
Истифодаи аломат ва нишонҳои қалбакӣ вобаста ба Салиби Сурху Ҳилоли Аҳмар дар шаҳодатномаҳо, бозубандҳо, нақлиёти тиббӣ, муассисаҳои тиббию фармасевтӣ манъ карда шудаанд.
Чӣ тавр шумо метавонед аломатҳоро ҳифз намоед?
Мо барои ҳифзи ҳаёти одамон ба кўмаки шумо ниёз дорем. Истифодаи нодурусти аломатҳо дар замони низоъҳои мусаллаҳона, маънои ҷинояти ҳарбиро дорад.
Ҳатто дар давраи осоишта, истифодаи нодурусти аломатҳо метавонад боиси нофаҳмиҳо ва номуайяниҳо гардад. Номуайянӣ метавонад одамоне, ки барои ҳимоя эҳтиёҷ доранд, ба хатар гузорад.
Номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар муҳофизат шудаанд.
Истифодаи ғайриқонунии аломатҳо мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ ва миллӣ манъ кардашудааст. Мақомотҳои дахлдори ҳукуматӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон истифодаи ѓайри қонунӣ ва ё нодуруст истифодабарии аломатҳоро (барқасдона ё нохост) ва тарҳҳои шабеҳи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд.
Агар шумо истифодабарии яке аз ин аломатҳо, номҳо, ё тарҳу услуби шабеҳ ба онҳоро пайхас намудед, лутфан ба намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар тамос бошед.

Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардўстии ҶҲАТ
шаҳри Душанбе, 21 майи соли 2020