Татбиқи лоиҳаи “Дастгирии коҳиши хавфи ҳолатҳои фавқулодда” дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

0
484

Имрузҳо дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон лоиҳаи “Дастгирии коҳиши хавфи ҳолатҳои фавқулодда” ки бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкориҳо дар Аврупо (САҲА) аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияҳои Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва Муминободи вилояти Хатлон амалӣ мегардад.

Имрӯз, яъне 11 августи соли 2023 аз ҷониби филиали ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар деҳаи Кафтархонаи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ барои 20 нафар шунаванда, аз қабили  омузгорон, кормандони тиб, хонандагон-аъзоёни гурӯҳи идоракунии офатҳои табиӣ оид ба боло бурдани дониши иштирокчиён доир ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Рафти омузиш ва чорабинӣ аз шиносои бо иштирокчиён оғоз гардид ва дар рафти он таъсироти пайвастаи офатҳои табиӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон ба таври мухтасар фаҳмонида шуд.

Сипас, тибқи презентатсияҳои содда ва  мухтасар барои иштирокчиён мавзуъҳои вобаста ба таърихи пайдоиши ҳаракати байналмилалии Ҷамъиятҳхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, фаъолияти кунунии ҶҲАТ,  вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти лоиҳаи “Дастгирии коҳиши хавфи ҳолатҳои фавқулодда” 8 июли соли 2023 оғоз гардида то 8 октябри соли 2023 идома меёбад. Тавассути амалишавии лоиҳа алакай якқатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Аз ҷумла 12  июли соли 2023 танзимгари минтақавии лоиҳа аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар якчояги бо намояндаи Созмони амният ва ҳамкориҳо дар Аврупо (САҲА) бо муовини раиси нохияи Восеъ Гулмуродзода Б. вохурӣ доир намуда, моҳияти лоиҳа ва  мақсади татбиқи онро дар ҷамоати Х. Рачабови ноҳияи Восеъ муарифӣ намуданд.

Гузашта аз ин 13 ва 14 июли соли 2023 ба ноҳияхои Шамсиддини Шохин ва Муминобод сафари хизматӣ анҷом дода шуда, бо макомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вохурӣ доир карда шуд. Дар рафти вохуриҳо масалаи татбиқи лоиҳаи мазкур ва мароми он, инчунин маблағгузори лоиҳа муаррифӣ гардида, мақсади асосси САҲА ва ҶҲАТ ба муовинони раисони ноҳия оид ба идеалогия фахмонида дода шуд.

Шуруъ аз 26 июл то санаи 11 августи соли 2023 дар 8 деҳаҳои ҷамоати деҳоти  Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ семинари омузишӣ дар самти пешгрии хавфи офатхои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд, ки фарогири ахолӣ зиеда аз 160 нафарро ташкил дод.

Таърихи гузаронидани семинархо дар деҳаҳо чунин аст:

1) 26.07. 2023 деҳаи Пушиёни поен

2) 27.07.2023 деҳаи Пушиёни миена

3) 28.07.2023 деҳаи Пушиёни боло

4) 7.08.23 деҳаи Осмонбика

5) 8.08.2023 деҳаи Пахтакор

6) 9.08.2023 деҳаи Кучабоғ

7) 10.08.2023 деҳаи Саричашма

8) 11.08.2023 деҳаи Кафтархона.

Бояд гуфт, ки санаи 14 августи соли 2023 рузи омодагӣ ва санаи 15 августи соли 2023 доир намудани машқҳои амалӣ дар яке аз деҳаҳои фаъоли ноҳияи Восеъ ба накша гирифта шудааст.

Сар аз 17 августи соли 2023 татбиқи ин лоиха дар ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад.