Имрўз дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба беш аз сад нафар ятим барои гирифтани кумаки молиявӣ аз тарафи кормандони Ҷамъият корти бонкӣ дода шуд. Ёдовар мешавем, ки мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб ба 642 нафар ятимони эҳтиёҷманди шаҳри Душанбе, ки дар тарбияи хешовандони наздик қарор доранд, давоми 12 моҳ ба ҳар яке 505 сомониву 24 дирам кумакпулӣ расонида мешавад. Ба гуфтаи Абдурауф Абдуалимов, ҳамоҳангсози барномаи ятимон, то охири ҳафта ба ҳамаи он нафароне, ки фарогири ин барномаанд, тибқи шартномае ки бо Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» баста шудааст, кортҳои бонкӣ тақдим мешавад ва сипас онҳо метавонанд мабрағҳои пешбинишударо дастрас намоянд.
Лозим ба зикр аст, ки шурўъ аз моҳи июни соли равон давоми як сол аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, чунин лоиҳаи башардўстона дар 16 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон амалӣ гардид, ки тўли се моҳи сипаригардида тибқи ин барнома ба суратҳисоби 500 нафар ятим тавассути Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар як моҳ 100 доллари ИМА интиқол дода шуд.