Аз 1 майи соли 2022 татбиқи лоиҳаи муштараки «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ» аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа оғоз гардидааст. Маблағгузори лоиҳаи мазкур Сарраёсати дафтари башардӯстонаи Созмони Аврупо (DG ECHO) буда, шарикони асосии он Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурхи Олмон, Салиби Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Италия мебошанд. Лоиҳа аз 5 қисматҳои асосӣ иборат мебошад:
- Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ
- Омодагӣ ба эпидемия ва пандемия ва вокуниш ба он
- Мардуми дар ҳоли ҳаракатбуда
- Кӯмаки нақдӣ ва ваучерӣ
- Хавфи иттилоот, ҷалби ҷамоат ва ҳисобдеҳ будан.
Дар доираи лоиҳаи мазкур гузаронидани тадқиқоти ибтидоӣ дар давоми рӯзҳои 11 – 22 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи ин чорабинӣ ҳамчун марҳилаи ибтидоӣ гузаронидани арзёбӣ ва ё баҳодиҳӣ дар 21 мавзеъҳои ҳадафии лоиҳа буда, ҳамаи қисматҳои лоиҳаро дар бар мегирад. Ин роҳи зудтарини муайян кардани сатҳи огоҳсозӣ ва маърифатнокии аҳолии маҳал ва иқтидори он вобаста ба мақсади лоиҳа мебошад. Инчунин, ин фаъолият барои бо тартиби афзалиятнок ва самаранок амалӣ намудани лоиҳа ва таҳияи дурусти фаъолияту чорабиниҳо роҷеъ ба ҳар як қисмати лоиҳа мусоидат хоҳад кард.